Маълумоти охирин

БОТНИК

botnikБОТНИК (шведӣ Bottniska viken, финӣ pohjanlahti), халиҷ дар қисми шимолии баҳри Балтика, байни Шветсия ва Финляндия. Дарозиаш 668 километр, бараш то 240 километр, масоҳаташ 117000 км2, умқаш дар шимол 110 метр, дар ҷануб то 290 метр. Ботник ба ду қисм ҷудо мешавад: шимол – Боттенвик (халиҷи Ботник) ва ҷануб – Боттенхав (баҳри Ботник), ки ба воситаи гулӯгоҳи Норра-Кваркен бо ҳам пайванданд. Бо баҳри Балтика ба воситаи гулӯгоҳи Сёдра – Кваркени байни ҷазираҳои Аланд ва соҳили Шветсия пайваст аст. Аз ноябр то июн ях мебандад. Ҳарорати об дар тирамоҳу зимистон 0°С, тобистон то 13°С. Бандарҳои асосиаш: Васа, Оулу (Улеаборг), Пори (Финляндия), Лулео Умео (Шветсия).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …