Маълумоти охирин

Архивы за день : 28.12.2017

БОЯЗИДПОШО

boyazidposho

БОЯЗИДПОШО, масҷид дар Омосия (Туркия, асри 15). Масҷид соли 1414/15 ба дастури Боязидпошо, вазири ҳалабии Султон Муҳаммади аввал (1402-21) бино шудааст. Меъморони он Яъқуб ибни Абдуллоҳ ва Туғон ибни Абдуллоҳ будаанд. Боязидпошо аз зеботарин намунаҳои масоҷиди дорои «тобхона» (ҷое барои паноҳ ва таъом додани фақирон дар зимистон) ё дорои «зовия» …

Муфассал »

БОЯЗИДИ РУМӢ

rumi

БОЯЗИДИ РУМӢ номҳои дигараш – Боязид Халифа ибни Абдуллоҳ, Боязиди Дарвеш, Боязиди Сонӣ, шоир ва орифи турк (асри 16). Пас аз омӯзиши улуми мутадовилаи давр ва касби камол ба тасаввуф рӯй овард. Муршидаш Ҷамолуддини Хилватӣ машҳур ба Халифа Чалабӣ буд. Роҳи тариқатро тай намуд ва худ муршид шуд. Пайравони бисёре …

Муфассал »

БОЯЗИДИ ПУРОНӢ

boyazidi-puroni

БОЯЗИДИ ПУРОНӢ шоир ва хаттоти тоҷик (асри 16). Аҷдодаш аз бузургони шаҳри Ҳирот шайхони шинохтаву номвар буданд. Барои такмили илму до­ниш ва ҳунари хаттотӣ ба Бухоро омад. Тазкиранигор Нисорӣ дар «Музаккиру-л-аҳбоб» аз ӯ чун хаттоти моҳир ёд кардааст. Ҳафт навъи хатро хуб менавишт. Аз навиштаҳои ӯ барои ороиши масҷидҳои Бухоро …

Муфассал »

БОЯЗИДИ ДАВРӢ

boyazidi-davri

БОЯЗИДИ ДАВРӢ (Ҳирот – фавт 1576), хаттот, хушнавис ва шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар Ҳирот ба камол расидааст. Баъд ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуда, дар китобхонаи салтанатии Акбаршоҳ ба китобат машғул шудааст. Соли 1575 ба зиёрати ҳаҷ рафт ва дар бозгашт ба Ҳиндустон соли 1576 дар наздикии бандари Сурат ғарқ шуд. …

Муфассал »

БОЯЗИДИ БАСТОМИИ СОНӢ

boyazid-soni

БОЯЗИДИ БАСТОМИИ СОНӢ Абумуҳаммад Абуалӣ ибни Иноятуллоҳ, ориф, муҳаддис ва фақеҳи нимаи дуюми асри 16 ибтидои асри 17. Аз сол­ҳои зиндагиаш ҳамин қадар маълум аст, ки рисолаи «Қа­зо ва қадар»-и худро соли 1602 ба поин расонидааст. Соҳиби як қатор асарҳо дар мавзӯъҳои ақоид, фиқҳ, ҳадис, тасаввуф ва одобу ахлоқ мебошад. …

Муфассал »

БОЯЗИДИ БАСТОМӢ

boyazidi-bastomi

БОЯЗИДИ БАСТОМӢ, Абуязид Тайфур ибни Исо ибни Одам ибни Сурушон, лақабаш «Султону-л-орифин» ва «Бурҳону-л-муҳаққиқин» (фавт 857, Бастом), мутафаккири маъруф, асосгузори тайфурия, аз машоихи бузурги суфия, табақаи аввалӣ ва аз машҳуртарин орифони форс-тоҷик дар асрҳои 8-9. Аҷдоди пешини Боязиди Бастомӣ пайрави зардуштия буданд ва дар давраи ҳаёти бобояш аҳли хонадон дини …

Муфассал »

БОЯЗИДИ БАЁТ

bayazid-bayot

БОЯЗИДИ БАЁТ яке аз муаррихон ва ходимони силсилаи Темуриёни Ҳинд (асри 16). Зодгоҳаш Бухоро. Бародари Баҳром Саққоии Бухороӣ. Бинобар таҳаввулоти воқеаҳои сиёсии Мовароуннаҳр ба Машҳад сафар карда, дар мадрасаи он ҷо ба таҳсили илм пардохт. Боязиди Баёт дар Гардез ба хидмати шоҳзода Комрон Мирзо ворид гардида, муддате Ҳукумати Гардез, Нағаз …

Муфассал »

БОЯЗИДИ II

boyazid-2

БОЯЗИДИ II (1447-26.5.1512), султони империяи Усмониён (1481-151), писари калони султон Муҳаммади II ва ҳамзамони шоҳ Исмоили I Сафавӣ. Боязиди II аз рӯйи эътиқоди афзун ва пуштибонии тариқати динӣ лақаби «Валӣ»-ро соҳиб шудааст. Боязиди II ҳангоми рақобаташ барои тахту тоҷ бо бародараш Ҷам ба пуштибонии сипоҳиёни яккачини яничарҳо такя намуда, соли …

Муфассал »

БОЯЗИДИ I Йилдирим

boyazid-1

БОЯЗИДИ I Йилдирим (тақрибан 1347-8.3.1403), султони турк (1389-1402) аз сулолаи Усмониён. Сиёсати истилогаронаи гузаштагонашро давом дода, бо лашкаркашиҳо Сер­бия (1389), Булғория, Македония, Босния, Фессалия, Маҷористонро (1393-96) тобеъ намуд. Боязиди I мавқеашро дар нимҷазираи Балкан мустаҳкам карда, Румро забт намуд ва лашкараш Константинополро ба муҳосира гирифт. Шоҳи Маҷористон Сигизмунд ҷабҳаи муштараке …

Муфассал »

БОЯВУТ

boyavut

БОЯВУТ, Боявутча (аз калимаи бой ва суғдии овут оворагард), деҳа дар ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан. Аз Боявут то маркази шаҳр 23 километр; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 200 нафар (2012). Деҳа мактаб надорад. Хонандагон дар мактаби деҳаи Тӯққузчелак таҳсил мекунанд. Нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо …

Муфассал »