Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОТИЯ

БОТИЯ

craterБОТИЯ (арабӣ ҷом, қадаҳи бузург, лотинӣ crater, русӣ чаша), бурҷи нимкураи ҷанубии осмон, ки масоҳати 282,4 градуси мураббаъро фаро гирифта, 20 ситораи ба чашм намоён дорад ва дар осмони ситоразор хуб мушоҳида мешавад. Сито­раи муниртаринаш а Crt буда, бузургии ситоравиаш 3,57m аст. Ботия аз қадим маълум буда, дар бисёр феҳристҳои нуҷумии Аврупо (аз ҷумла дар китоби «Алмаҷастӣ»-и Батлимуси Қалузӣ) ва асар­ҳои нуҷумии Шарқ (дар ки­тоби «Китобу-с-сувару-л-кавокиб ас-собита»-и Абдурраҳмони Суфӣ) қайд шудааст. Аз рӯйи асотирҳои юнонӣ Аполлон зоғро баҳри овардани ҷоми обдор барои қурбонӣ мефиристад. Зоғ дар назди дарахти анҷир то пухта расидани меваҳои он таваққуф намуда, баҳонае пеш меорад, ки гуё Шуҷоъ (мори обӣ, Гидра) вайро ба наҳр роҳ надодааст. Аз ин рӯ, Ботия дар атласҳои нуҷумии аврупоӣ дар байни бурҷҳои 3от ва Шуҷоъ тасвир ёфтааст.  

М. Холов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …