Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 15)

Теги: Тиб

ЭЛЕКТРОТЕРАПИЯ

electrotherapy

ЭЛЕКТРОТЕРАПИЯ, як соҳаи терапия, ки ба он фарадизация, гаванизация, дарсонвализация, диатермия ва ғ. дохил мешаванд. Э.-ро ҳаигоми бемориҳои системам асаб, мушак, банд, пуст ва узвҳои дарунӣ истифода мебаранд.

Муфассал »

ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФИЯ

elektrokardiografiya

ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФИЯ (аз электро, кардио… ва графия), усули тадқиқи мушакҳои дил тавассути ба қайд гирифтани потенциалҳои биоэлектрии дили коркунандаро гуянд. Импулси электрикие, ки дар гиреҳи синусии дил пайдо шуда, баъд ба ҳамаи миокард (мушаки дил) паҳн мегардад, ба воситаи электрокардиограф ба қайд гирифта мешавад. Мулҳание, ки дар лентаи қоғазин ё фотонавори …

Муфассал »

ШУКУФА

shukufa

ШУКУФА, ушкуфа, истилоҳест барои ифодаи аксари бемориҳои пуст, ки аз рӯи зоҳиршавӣ, давомнокӣ ва сабаби пайдоши фарқ мекунанд. Дар амалияи тибби муосир Ш. дуюминдараҷа буда, дигар аломатҳои бемориро аниқтар мегардонад: мас., кубо (экзема) — Ш.-и тар, псориаз – Ш.-и фалей, трихофития — Ш.-и муйчин ва ғ.

Муфассал »

ШОҲРАГ

shohrag

ШОҲРАГ, абҳар, вадаҷ, ворта, артерияи асосии даври калони гардиши хун, ки ҳамаи аъзои баданро бо хун таъмин мекунад. Девораи Ш. аз қабатҳои дохилӣ (аз ҳуҷайраҳои эндотелиалӣ иборат аст), мобайнӣ (нахҳои сершумори чандир дорад) ва берунӣ (аз дастаи нахҳои бофтаҳои пайвасткунанда ташкил ёфтааст) иборат буда, бинобар чандириаш дар артерияҳо мунтазам ҳаракат …

Муфассал »

ШИСТОСОМАТОЗҲО

shistosomoz

ШИСТОСОМАТОЗҲО, бемории музмини одаму ҳайвонотро дар мамлакатҳои минтақаи тропикӣ гӯянд. Барангезандаи Ш. гельминтҳо мебошанд. Дар давраи аввали сироят дар пусти бемор ҳасба дамида, хориш ва баъзан таб ҳам мекунад. Одам ба воситаи об сироят меёбад.

Муфассал »

Бемории ШИРИНЧА

shirincha-b

ШИРИНЧА, як навъ бемории пустро гуянд, ки аз таъсири ангезандаҳо (бактерия, дору, хурок ва ғ.) дар кудакони хурдсол пайдо мешавад. Ҳангоми Ш. пуст, луобпарда, ғадудҳои лимфавӣ иллат ёфта, дар қисми муйноки cap, абру, рӯй, ҳасба, обила ва ғ. зоҳир мешавад. Аломатҳои аввалини Ш. дар давраи навзодӣ паидо шуда, дар 2—3-моҳагӣ …

Муфассал »

ШИКАСТАБАНДӢ

ШИКАСТАБАНДӢ, як усули табобати устухони шикаста (қабурға, по, даст ва ғ.) ва иллати бандҳост. Барои Ш. гипс ё шинаҳоро истифода мебаранд. Ниг. низ Травматология.

Муфассал »

ШИКАМ

shikam

ШИКАМ, батн, қисми ба ҳали одамро гуянд, ки аз ҷавф (холигӣ) ва девораҳои он иборат аст. Девораи Ш.-ро пуст, мушак, апоневроз, фасцияҳо ташкил медиҳанд, ки аз ақиб бо сутунмуҳра пайваст шудаанд. Аз пешу паҳлу бошад, бо қабурғаҳо ва қисман бо қафаси сина пайваст мебошад. Аз сари сина то зиҳор хати …

Муфассал »

ШИЗОФРЕНИЯ

shizofreniya

ШИЗОФРЕНИЯ (аз юн. schizo — таҷзия мекунам ва phren — адл, фикр), як навъ бемории руҳиро гуянд. Сабаби Ш. алҳол маълум нест. Вобаста ба шакли Ш. дар шахс зуҳуроти гуногуни ихтилоли фаъолияти руҳӣ, яъне васваса, таваҳҳум (галлюцинация), ҳаяҷон, ё баръакс карахтӣ ба вуҷуд омада, ба қадри инкишофи беморӣ қувват мегирад. …

Муфассал »