ШУКУФА, ушкуфа, истилоҳест барои ифодаи аксари бемориҳои пуст, ки аз рӯи зоҳиршавӣ, давомнокӣ ва сабаби пайдоши фарқ мекунанд. Дар амалияи тибби муосир Ш. дуюминдараҷа буда, дигар аломатҳои бемориро аниқтар мегардонад: мас., кубо (экзема) — Ш.-и тар, псориаз – Ш.-и фалей, трихофития — Ш.-и муйчин ва ғ.