Маълумоти охирин
Главная / Теги: принсип

Теги: принсип

ПРИНСИПИ СУПЕРПОЗИТСИЯ

p-sup

ПРИНСИПИ СУПЕРПОЗИТСИЯ, принсипи ҷомеъест, ки дар соҳаҳои гуногуни механика, электродинами­ка,  механикаи квантӣ ва ғайра татбиқ меёбад. Таърифаш дар механикаи классикӣ: таъсири ду ё якчанд қувва бар қуввае баробар аст, ки он аз ҷамъи геометрии қувваҳои мазкур ташкил ёфтааст. Барои система ё худ майдонҳое дуруст аст, ки бо муодилаҳои хаттӣ ифода …

Муфассал »

ПРИНСИПИ ПАУЛИ

p-pauli

ПРИНСИПИ ПАУЛИ, яке аз муҳимтарин принсипҳои механикаи квантист. Таърифаш: ду (ё беш) зарраи айнан якхелае, ки спини нимбутун доранду ба таркиби як системаи физикӣ дохил мешаванд, дар як вақт дар ҳамон як ҳолати квантӣ буда наметавонанд. Принсипи Паулиро соли 1925 В. Па­ули зимни тавсифи квантии электронҳо пешниҳод карда буд. Сонитар …

Муфассал »

ПРИНСИПИ НОМУАЙЯНӢ

ПРИНСИПИ НОМУАЙЯНӢ, та носуби номуайяниҳо, тан о с у б и носаҳеҳиҳо, аз нуқтаҳои асосии механикаи квантист, ки бино ба он ду бузургии ҳамтарҳи ба як объекти физикӣ мансуб (масалан, координата ва импулси элек­трон)-ро дар як вақт аниқ муайян кардан мумкин нест. Припсипи номуайяниро В. Гей­зенберг соли 1927 кашф кардааст. …

Муфассал »

ПРИНСИПИ НИСБИЯТ

ПРИНСИПИ НИСБИЯТ, яке аз рукнҳои умдаи физика аст; таърифаш: дар ҳама гуна системаи материалие, ки дар ҳолати оромист ва ё дар ҳаракати ростхаттаи мунтазам аст, ҳама гуна ҳодисаи физикӣ (оптикӣ, механикӣ, ҳароратӣ ва ғайра) як хел содир мешавад. Дар ин маврид ҳолати оромӣ ё худ ҳаракати система нисбат ба системаи …

Муфассал »

ПРИНСИПИ МУСОВОТ

ПРИНСИПИ МУСОВОТ дар ф и з и к а, яке аз рукнҳои назарияи нисбиятро гӯянд. Бино ба Принсипи мусовот майдони ҷозиба дар ҳавзаи на чандон калони фазову вақт аз рӯи зуҳуроти худ ба системаи тезшаванда мусовӣ дониста мешавад. Дар майдони ҷозиба ҳамаи ҷисмҳо новобаста ба масса ва дигар хосиятҳои физикиашон …

Муфассал »

ПРИНСИПИ Д’АЛАМБЕР

ПРИНСИПИ Д’АЛАМБЕР, яке аз принсипҳои асосии динамика аст. Таърифаш: агар ба қувваҳои ба нуқтаҳои системаи механикӣ таъсиркунанда ва қувваҳои реаксияи бандҳои механикӣ қувваҳои инер­сияро зам кунем, он гоҳ системаи қувваҳои мувозинатшуда ба вуҷуд меояд. Зимин Принсипи Д’Аламбер дар ҳалли масъалаҳои динамика усулҳои оддитарини статикаро истифода бурдан мумкин мегардад. Ин принсипро …

Муфассал »

ПРИНСПИ ГЮИГЕНСУ ФРЕНЕЛ

prinsip-g-f

ПРИНСПИ ГЮИГЕНСУ ФРЕНЕЛ, усули тақрибии ҳалли масъалаҳо оид ба паҳншавии мавҷҳо, махсусан мавҷҳои рушноист. Таърифаш: дар як нуқтаи фазо, ки ба он дар лаҳзаи муайян мавҷе расидааст, дар навбати худ манбаи мавҷҳои куравии элементарӣ мешавад. Иҳотагири ин мавҷҳои нав дар лаҳзаи дигари вақт сатҳи мавҷиеро ташкил медиҳад. Фронти мавҷӣ бошад, …

Муфассал »