Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИНСИПИ СУПЕРПОЗИТСИЯ

ПРИНСИПИ СУПЕРПОЗИТСИЯ

p-sup

ПРИНСИПИ СУПЕРПОЗИТСИЯ, принсипи ҷомеъест, ки дар соҳаҳои гуногуни механика, электродинами­ка,  механикаи квантӣ ва ғайра татбиқ меёбад. Таърифаш дар механикаи классикӣ: таъсири ду ё якчанд қувва бар қуввае баробар аст, ки он аз ҷамъи геометрии қувваҳои мазкур ташкил ёфтааст. Барои система ё худ майдонҳое дуруст аст, ки бо муодилаҳои хаттӣ ифода меёбанд. Принсипи сотсиалистӣ дар механикаи кванӣ мансуб ба функсияҳои мавҷист. Агар ҳо­лати системаи физикиро бо ду (ё худ якчанд функсияҳои мавҷӣ ифода кардан мумкин бошад, он гоҳ вай дар ҳолате низ воқеъ шуда метавонад, ки онро метавон бо дилхоҳ комбинатсияҳои хаттии ин функсияҳо ифода кард.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …