Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИНСИПИ НИСБИЯТ

ПРИНСИПИ НИСБИЯТ

ПРИНСИПИ НИСБИЯТ, яке аз рукнҳои умдаи физика аст; таърифаш: дар ҳама гуна системаи материалие, ки дар ҳолати оромист ва ё дар ҳаракати ростхаттаи мунтазам аст, ҳама гуна ҳодисаи физикӣ (оптикӣ, механикӣ, ҳароратӣ ва ғайра) як хел содир мешавад. Дар ин маврид ҳолати оромӣ ё худ ҳаракати система нисбат ба системаи capҳисоби инерсиалӣ муайян карда ме­шавад, ки ихтиёрӣ интихоб шуда­аст. Аз ҷиҳати физикӣ ин ду ҳолат як хеланд. Таърифи дигари Принсипи нисбият, ки ба таърифи аввала ҳаммаънист: қонунҳои физика дар ҳамаи системаҳои сарҳисоби инерсиалӣ шаклан якхелаанд. Припсипи нисбият якҷоя бо постулате дар бораи ба ҳаракати манбаи рӯшноӣ вобаста набудани суръати нур дар вакуум асоси назарияи ҷузъии нисбиятро ташкил медиҳад. Ниг. Назарияи нисбият.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …