Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИНСИПИ МУСОВОТ

ПРИНСИПИ МУСОВОТ

ПРИНСИПИ МУСОВОТ дар ф и з и к а, яке аз рукнҳои назарияи нисбиятро гӯянд. Бино ба Принсипи мусовот майдони ҷозиба дар ҳавзаи на чандон калони фазову вақт аз рӯи зуҳуроти худ ба системаи тезшаванда мусовӣ дониста мешавад. Дар майдони ҷозиба ҳамаи ҷисмҳо новобаста ба масса ва дигар хосиятҳои физикиашон бо тезшавии якхела ҳаракат мекунанд (қонуни Галилей). Вале дар мавриди набудани майдони ҷозиба, ҳангоми аз системаи сарҳисоби тезшаванда (масалан, аз мушаки паррон) мушодҳида кардан ҳамаи қисмҳои аз рӯи инерсия ҳаракаткунанда нисбат ба ҳамин системаи сарҳисоб низ тезшавии якхела доранд. Ба ин маънӣ системаи сарҳисоби тезшавандаро ба майдони ҷозиба баробар донистан мумкин аст. Принсипи мусовот локалӣ мебошад, яъне ба системаи сарҳисоби тезшаванда мусовӣ будани майдони ҷозиба танҳо барои ҳавзаи маҳдуди фазову вақт дуруст аст, ки дар он майдони ҷозибаро метавон якҷинса ва нисбат ба вақт доимӣ ҳисобид. Дар бунёди Принсипи мусовот далеле қарор гирифтааст, ки аз за­мони Нютон ин ҷониб маълум ме­бошад: массаи инертии ҳама гуна ҷисм ба массаи гравитатсиониаш ба­робар аст. Ҳоло ин далел дар таҷриба ба ғояти аниқ собит шудааст. Андозагириҳое, ки Р. Дикке дар ИМА, В. Б. Брагинский ва В. И. Панов дар СССP ба амал баровардаанд, ба ҳам баробар будани массаҳои инертӣ ва гравитатсиониро бо аниқии 10-12 исбот мекунанд.

Ад.:СмородинскийЯ. А., Принцип эквивалентности, «Природа», 1980, М 3.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …