Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИНСИПИ МУСОВОТ

ПРИНСИПИ МУСОВОТ

ПРИНСИПИ МУСОВОТ дар ф и з и к а, яке аз рукнхои назарияи нисбиятро гуянд. Бино ба Принсипи мусовот майдони чозиба дар хавзаи на чандон калони фазову вакт аз руи зухуроти худ ба системаи тезшаванда мусови дониста мешавад. Дар майдони чозиба хамаи чисмхо новобаста ба масса ва дигар хосиятхои физикиашон бо тезшавии якхела харакат мекунанд (конуни Галилей). Вале дар мавриди набудани майдони чозиба, хангоми аз системаи сархисоби тезшаванда (масалан, аз мушаки паррон) мушодхида кардан хамаи кисмхои аз руи инерсия харакаткунанда нисбат ба хамин системаи сархисоб низ тезшавии якхела доранд. Ба ин маъни системаи сархисоби тезшавандаро ба майдони чозиба баробар донистан мумкин аст. Принсипи мусовот локали мебошад, яъне ба системаи сархисоби тезшаванда мусови будани майдони чозиба танхо барои хавзаи махдуди фазову вакт дуруст аст, ки дар он майдони чозибаро метавон якчинса ва нисбат ба вакт доими хисобид. Дар бунёди Принсипи мусовот далеле карор гирифтааст, ки аз за­мони Нютон ин чониб маълум ме­бошад: массаи инертии хама гуна чисм ба массаи гравитатсиониаш ба­робар аст. Холо ин далел дар тачриба ба гояти аник собит шудааст. Андозагирихое, ки Р. Дикке дар ИМА, В. Б. Брагинский ва В. И. Панов дар СССP ба амал баровардаанд, ба хам баробар будани массахои инерти ва гравитатсиониро бо аникии 10-12 исбот мекунанд.

Ад.:СмородинскийЯ. А., Принцип эквивалентности, «Природа», 1980, М 3.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …