МОШИНИ ДАРАВ, мошинест барои даравидан, гун кардан ва кашондани зироати хочагии кишлок оид ба Мошини дарав дар осори Плиний (асри 1м.) маълумот хаст. Такмилу коркарди сохти хозираи Мошини дарав ба асри 17 мансуб аст. Назар ба маълумоти акад. В. Ф. Зуев Мошини даравро соли 1781 яроксози тулаги бо ёрии ихтироъ кардааст. Соли 1833 Жиголов «мошини хушадарав»-ро ихтироъ кард, ки хеле машхур шуда буд. Дар аввали асри 19 Мошини дарав дар Англия ва ШМА пайдо шуд. Хoло дар СССР (аз чумла РСС Точикистон) Мошини дарави ЖВН-6, ЖВН- 10, ЖРС-4.9А, ЖНУ-4,0, ЖУС-4,2, ЖНТ-2,1, ЖРБ-4,2, ки зироатро якбора даравида чамъ ва гарам менамоянд, истехсол ва истифода мешаванд. Мошинаи дарав аз руи сохт ва тарзи кор ба Мошинаи дарави гарампарто ва комбайни чудо мешаванд.
Мошини дарави к о м б а й н и платформадор (барои чамъоварии галладона) ва шнекдор (барои чамъоварии зироати баландпоя) мешавад.
Платформаи Мошини дарави платформадор бо тахвилнавори тасмаги ё тахтазанчир чихозонида мешавад. Дар Мошини дарави шнекдор (расми 1) роли тахвилнаворро шнек ичро менамояд. Дари хаман комбайнхои галлагундор бо Мошини дарави шнекдор чихозонида шудаанд. Мошини дарав шнекдори комбайнро инчунин барои гунучини лубиёихо, калакунчид, лупил, алафхои даравидашуда ва г. низ чихозонидан мумкин аст.
Мошини дарави гарампарто овеза (расми 2) ва ядаки (расми 3) мешавад. Мошини дарави овеза хангоми кор ба олати махсуси лыжашакле такья мекунад, ки вай дар роххои гуногун муътадил харакат намудани мошин ва баландии муайяни даравро таъ-мин менамояд. Таъинот, кор ва сохти кисмхои асосии кории Моишни дарви комбайни ва гарампарто як хел аст. Онхо танхо аз руи сохти зохири ва кисмхои боркаш фарк мекунанд. Кисмхои асосии кори: таксимгарак, аппарати буранда, чарх ва тахвилнаворхоанд. Таксимгараки Мошини да барои дарави растанихои ростпоя ва хобида мувофик карда шудааст.
Мошини дарав барои гундоштани зироати ростпоя бо таксимгаракхои фонашакл ва барои гундоштани зироатхои хобида бо таксимгаракхои симтаноби чихозонида мешаванд.
Асбоби бурандаи Мошини дарав пояро мисли микроз мебурад. Кисми бехаракати асбоби буранда аз панчахои пулодин ё чуянин ва кисми мутахаррики он бошад, аз корд, бандхои трапеция шакл иборат аст. Кордхо харакат карда пояро мебуранд ва поябардоракхо (лифтёрхо) бошанд, пояхои хобидаро рост мекунанд.
Чархе, ки дар аксари Мошинаи дарав истифода мешавад, барои пояро ба асбоби буранда наздик овардан, хангоми буриш дошта истодан, тоза кардани асбоби буранда ва ба платформа партофтани поя хизмат мерасонад. Барои гундоштани растанихои ростпоя чархи паррадорро истифода мебаранд. Хангоми бо суръати 10 км/с кор кардан чархи Мошини даравро чудо карда ба чои он симтаноб мекашанд. Пояхои буридашуда ба симтаноб бархурда баъд ба тахвилнавор меафтанд. Барои гунучини пояхои хобида Мошини дарави чархаш хаскашакшакли эксцентрикиро истифода мебаранд. Шнек ва тахвил ва борхои катонию тасмаги кисмхои боркаши Мошини дарав мебошанд. Дар кисми мобайнии шнек механизми дандонадор хаст, ки вай пояхои буридашударо ба тахвилнавори моил мепартояд. Тахвилнавори моил пояхои зироатро ба асри камера гун карда, ба воситаи хамвории моил боло медихад. Тахвилнаворхои гайрикатониро бештар истифода мебаранд. Холати кории кисмхои Мошини даравро ба таври механики, гидравлики ба танзим медароранд. Дар СССР соре бештар аз 50 хазор Мошини дарави гарампарто ва 125 хазор Мошини дарави комбайни истехсол мекунанд.
Ад.: Изаксон X. И., Самоходные комбайны СК-3 и СИ-4, М., 1963; Справочник конструктора сельскохозяйственных машин, т. 2, 1967; Карпенко А. Н., 3еленев А. А., Сельскохозяйственные машины. М., 1968.