Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАХМАТИ БАДАХШИ

РАХМАТИ БАДАХШИ

РАХМАТИ БАДАХШИ (1786/87 шахри Файзободи Бадахшон — соли вафот номаълум), шоири точик. Аз падараш савод омухтааст. Дар 14-солаги барои тахсили илм ба Хиндустон рафт. Пас аз 10 соли тахсил бо рохи Кобул (ду сол дар Кобул зистааст) ба ватан баргашт. Муддате дар дарбори хокими Катаган — Муродбек дабир буда, дар Андароб умр ба сар бурдааст.

Аз ишорахои Рахмати Бадахши бармеояд, ки у девонхои зиёде фарохам карда будааст:

Ва Кобул чор девон гуфта будам кабл аз ин Рахмат,

Кунун девони панчумро кунам дар Андароб охир.

Вале имруз аз эчодиёти у чанде газалу мустазодхо ва китъаоту абьёти пароканда дастрас гардидаанд. Газалхову мустазодхои Рахмати Бадахши дар пайравии Хофиз, Камоли Хучанди, Соиб ва дигар эчод шудаанд. Мавзуи газалхои Рахмати Бадахши  васфи ишку ошики, бахору булбул, хасби хол ва гайра мебошанд. Абёти зерин намунаест аз газалиёти Рахмати Бадахши:

Аа майошомон дар ин мавсим хабар дорад бахор,

3-он ки худ бар каф зи наргис чоми зар дорад бахор.

Зардруй чун кашад дар дахр хар кас мунъим аст,

Аз сафеду сурх накде дар камар дорад бахор.

Дар замин аз силии боди хазон афтодаам,

Кош хамчун сабзаам аз хок бардорад бахор.

Нест сунбул, ин ки Рахмат дар гулистон дидаи,

Охи хасрат чунки доим дар чигар дорад бахор.

Адабиёт: Хабибов А., Ганчи Бадахшон, Душанбе 1972 .

А. Хабибов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.