Соя дар деҳқонии ҷаҳонӣ дар байни зироати ғалладонаю лӯбиёиҳои равғандор ҷои якумро ишғол мекунад. Дар Тоҷикистон аввалин бор баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ якчанд навъи Сояро дар заминҳои лалмии Стандарти давлатии тухмӣ ҳамчун зироати равғандор кишт карданд. Аз соли 1960 сар карда дар заминҳои обӣ ва лалмии республика бо мақсади гирифтани …
Муфассал »СОЯ (лӯбиё)
СОЯ, лӯбиёи чинӣ (Glysinemax ё G. Hispida), гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Пояи рост (баландиаш аз 25 см то 2 м), тирреша, барги мураккаб (аз 3, баъзан аз 4— 5 баргча иборат), гули хурди 5-баргаи бунафш, сурх ё сафед (худгардолудшаванда), ғилофаки рост, каҷи досшакл, ҳамвор ё барҷастаи 2—3- тухма (дарозиаш …
Муфассал »СОБУНАКБЕХ
СОБУНАКБЕХ, нигаред Собунак.
Муфассал »СОБУНАК
СОБУНАК, собунакбех, собунгиёҳ, алафи собунак, канашту, ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсолаест аз оилаи мехакҳо. Пояаш сершох, баргаш нештаршакл, гулаш 5-баргаи дуҷинса, ғӯзааш байзашакд, дарозрӯя, кушоданашаванда, тухмаш гурдашакли чиндор. Дар дунё 20 —30 намуди Собунак мерӯяд. Дар Тоҷикистон 6 намуди он ҳаст. Пештар бехи баъзе намудҳои Собун (алалхусус собунбех )-ро ба …
Муфассал »СИЧ
СИЧ, суч, севчук, сирош, уллукаҳ, ширеш, эремурус , як навъ гиёҳи маъмулест, ки аз бехаш «ширеш» тайёр мекунанд; бино ба таснифоти ботаникӣ, ҷимси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи занбақҳо. Баргаш дарози тасмашакл (дарозиаш 40—80 см), сермағз, гулаш сафед, гулобӣ, аард, сурх, хӯшагулаш («думи рӯбоҳ») сергул (дарозиаш то 120 ом) ва назаррабост. …
Муфассал »СИТОРАИ ХУНУКАК
СИТОРАИ ХУНУКАК, ҷавак, зевак, амонкора як навъ гиёҳи бисёрсолаи пиёзакбехест аз оилаи косагулҳо. Пиёзакаш байзашакли дарозрӯя (ғафсиаш 7—10 см), пояаш паҳни сабзчаи зардтоб (15—20 ом), баргаш дар ҳар бех 8—12-то, тасмашакл (дарозиаш 25—30 см, бараш 2,5— 4 см), хӯшагулаш чатршакли 7—17- гула, гулаш зангӯлашакли зардтоб ё гулобӣ (июль — авг. …
Муфассал »СИСАНБАР
СИСАНБАР (Тhumus), ҷинси гиёҳҳои бисёрсола ё нимбуттаест аз оилаи лабгулҳо. Пояаш одатан хамида, сершохчаи резабарг, пудинамонанд. Гулаш майда, гулобитоб, сафед ё нилгун, як ё дуҷинса, хӯшагулаш саракмонанд. Мевааш «чормағзак». Дар СССР қариб 140 намуди Сисанбар мерӯяд ва махсусан ду намуди он бисёр мебошад. Сисанбари боғиро дар Украина ва кишвари Краснодар …
Муфассал »СИПАРҒАМ
СИПАРҒАМ, сипарам, сипрам, номи дигари райҳон; ҳар гуна гиёҳҳои хушбӯйро гӯянд.
Муфассал »СИПАНД
СИПАНД, ҳазориспанд (Рeganum harmala), гиёҳи бисёрсолаи хушбӯи доруист аз оилаи ласфиҳо. Нигаред низ Испанд.
Муфассал »СИЁҲҶОРӮБ
СИЁҲҶОРӮБ (Artemisia annua), гиёҳи худрӯи тундбӯест, аз оилаи мураккабгулҳо. Нигаред Бӯгинакҷорӯб.
Муфассал »