Маълумоти охирин
Главная / Биология / СИТОРАИ ХУНУКАК

СИТОРАИ ХУНУКАК

sitorai-xunukak

СИТОРАИ ХУНУКАК,  ҷавак, зевак, амонкора як навъ гиёҳи бисёрсолаи пиёзакбехест аз оилаи косагулҳо. Пиёзакаш байзашакли дарозрӯя (ғафсиаш 7—10 см), пояаш паҳни сабзчаи зардтоб (15—20 ом), баргаш дар ҳар бех 8—12-то, тасмашакл (дарозиаш 25—30 см, бараш 2,5— 4 см), хӯшагулаш чатршакли 7—17- гула, гулаш зангӯлашакли зардтоб ё гулобӣ (июль — авг. мешукуфад), ғӯзааш сепарра (паррааш дилшакл), бараш 2—2,5 см. Дар мннтақаи на- бототи хӯшадор, ҷангалзори гармсер, настаранзори бешаи лаҳнбарг, нишебиҳои гилхок ва дар байии эфемерҳо (набототи хоклес) мерӯяд. Асосан дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои ҷан. Тоҷикистон (800— 2000 м аз сатҳи баҳр) месабзад. Ситораи хунукак хоси ҷануби ғарби Помиру Олой аст. Аз Ситораи хунукак алкалорди галинтамин мегиранд. Маҳлули 0,25, 0,5 ва 1-фоизаш галантаминро барои табобати миастения, миопатия, фалаҷ ва ғайра истифода мебаранд.

                                                                                             М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …