Маълумоти охирин
Главная / Биология / СОБУНАК

СОБУНАК

sobunak

СОБУНАК, собунакбех, собунгиёҳ, алафи собунак, канашту, ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсолаест аз оилаи мехакҳо. Пояаш сершох, баргаш нештаршакл, гулаш 5-баргаи дуҷинса, ғӯзааш байзашакд, дарозрӯя, кушоданашаванда, тухмаш гурдашакли чиндор. Дар дунё 20 —30 намуди Собунак мерӯяд. Дар Тоҷикистон 6 намуди он ҳаст.

Пештар бехи баъзе намудҳои Собун (алалхусус собунбех )-ро ба сифати собун истифода мебурданд. Собунакбех бисёрсолаест, ки 10—50 см қад мекашад. Пояаш соршох, резабарг (дарозиаш 1—1,5 см, бараш 3 —10 мм), гулаш гулобӣ ё гулобии сафедча, ғӯзааш байзашакли дарозрӯя. Апрел— июн гул карда, мева мебандад. Дар нишеобиҳои санглох, ҷариқон гаҷдор, бурххок, дар пистазор ва шибоғзор (мавзеъои ҷануби Тоҷикистон ва соҳилҳои Сир дар баланднн 700—2200 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд.

Собунакро дар баъзе мамлакатқо (РФГ, Австрия, Франсия, Юнон, СССР ва ғайра) мепарваранд. Бехи он бо номи «собунакбехи сурх» маъмул аст. Он барои шустани матои шоҳӣ ва пашмина ба кор меравад. Дар тибби халқӣ бо бехи он зардпарвин, буғумдард ва касалиҳои пуст (қубо, пучак, хоришак ва ғайра)-ро табобат менамоянд. Ҷӯшобашро чун балғамовар ва пошоброн истифода мекунанд. Ҳоло Собунакро дар тиб чун балғамовар (ҳангоми бронхит) тавсия медиҳанд (6  бехи майдакардашудаи Собунакро дар 200 мл об 30 дақиқа меҷӯшонанд). Бехи Собунак 2,5—30% моддаҳои сапононӣ, баргаш гликозиди сапонарин ва витамини С дорад. Баргу пояи Собунак барои чорво заҳрнок аст.

 

Адабиёт: Флора Таджикской СССР. т. 3, Л.. 1068; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, Москва, 1074.

М. Ҳоҷиматов, А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …