Маълумоти охирин
Главная / Биология / СОБУНАК

СОБУНАК

sobunak

СОБУНАК, собунакбех, собунгиёх, алафи собунак, канашту, чинси гиёххои як ё бисёрсолаест аз оилаи мехакхо. Пояаш сершох, баргаш нештаршакл, гулаш 5-баргаи дучинса, гузааш байзашакд, дарозруя, кушоданашаванда, тухмаш гурдашакли чиндор. Дар дунё 20 —30 намуди Собунак меруяд. Дар Точикистон 6 намуди он хаст.

Пештар бехи баъзе намудхои Собун (алалхусус собунбех )-ро ба сифати собун истифода мебурданд. Собунакбех бисёрсолаест, ки 10—50 см кад мекашад. Пояаш соршох, резабарг (дарозиаш 1—1,5 см, бараш 3 —10 мм), гулаш гулоби ё гулобии сафедча, гузааш байзашакли дарозруя. Апрел— июн гул карда, мева мебандад. Дар нишеобихои санглох, чарикон гачдор, бурххок, дар пистазор ва шибогзор (мавзеъои чануби Точикистон ва сохилхои Сир дар баланднн 700—2200 м аз сатхи бахр) меруяд.

Собунакро дар баъзе мамлакатко (РФГ, Австрия, Франсия, Юнон, СССР ва гайра) мепарваранд. Бехи он бо номи «собунакбехи сурх» маъмул аст. Он барои шустани матои шохи ва пашмина ба кор меравад. Дар тибби халки бо бехи он зардпарвин, бугумдард ва касалихои пуст (кубо, пучак, хоришак ва гайра)-ро табобат менамоянд. Чушобашро чун балгамовар ва пошоброн истифода мекунанд. Холо Собунакро дар тиб чун балгамовар (хангоми бронхит) тавсия медиханд (6  бехи майдакардашудаи Собунакро дар 200 мл об 30 дакика мечушонанд). Бехи Собунак 2,5—30% моддахои сапонони, баргаш гликозиди сапонарин ва витамини С дорад. Баргу пояи Собунак барои чорво захрнок аст.

 

Адабиёт: Флора Таджикской СССР. т. 3, Л.. 1068; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, Москва, 1074.

М. Хочиматов, А. Мадаминов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …