ПТИТСИН Григорий Викторович (1911, Кострома—1942, Ленинград), адабиётшинос, нависанда ва мутарчими советии рус. Аз оилаи муаллим. Шуъбаи точикии Университети давлатии Ленинградро соли 1937 хатм намудааст. Тачрибаомузиро дар идораи журнали «Барои адабиёти сотсиалисти» гузаронид. Касидаи «Шикоят аз пири»-и Рудаки («Хрестоматия по литературе народов СССР», М., 1947), якчанд боби достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганчави («Литературный Азербайджан», 1939), повести «Мактаби кухна»-и С. Айни (1937), шеърхои М. Аминзода, А. Дехоти, М. Рахими, Ч. Сухайлиро тарчума кардааст (китоби
«Гулистон», Сталинобод, 1939). Аз таълифоти Птитсин хикояхои «Люсик», «Ванян содда», «Мусича» ва шеъри «Соати бурч», ки дар замони Чанги Бузурги Ватани (1941—1945) нашр гардида буданд, боки мондаанд. Шеъри «Соати бурч» ва «Мактубхо аз мухосира» дар мачмуаи «Бессмертие» («Човидони», 1965) дарч шудаанд. Птитсин муаллифи фочиаи «Хусрав ва Ширин» мебошад, ки ба забони точики тарчума шуда, дар Театри давлатии чавонони Точикистон ба М. Вохидов 5а сахна гузошта шуд (1080).
Чапнд асари илми, аз кабили «Баёзаи асри 16 аз Хирот», «Оид ба масъалаи географияи «Шохнома», «Ашъори Сайидо хамчун сарчашмаи таърихи» ба калами Птитсин тааллук доранд, ки дар Шуъбаи таърихи мадаынят ва санъати Шарки Эрмитажи давлатии Ленинград нигох дошта мешаванд. Аъзои ИН CССP аз соли 1938.
Ад.: Писатели Таджикистана. Д., 1976.