Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пайдоиши одам

Пайдоиши одам

Пайдоиши одам. Дар руи Замин Одам дар натичаи тахаввули дуру да- рози таърихи пайдо шудааст (ннигаред Антропогенез). Одам чун фарди биоло­ги бо олами хайвонот, пеш аз хама бо катори приматхо, ки ба хайати онхо ба сифати оилаи хоси гоминид дохил мешавад, робитаи зич дорад. Агар тадаввули олами зиндаро ба дарахте ташбех дихем, Одам як шохи ин дарахтро мемонад.

Ин шохи тахаввул аз танае, ки бо маймунхои одамшакл муштарак буд, дар давраи миосен такрибан 12—15 миллион сол мукаддам чудо шудааст. Дар ин мархилаи тараккиёт ачдоди кадимтарини Одам рамапитекхо ё кениапитекхо буданд, ки бокимондаи устухони чогашон дар Осиё (Хиндустон, Покистон), Африкаи Шарки (Кения) ва Европа (Мачористон) ёфт шуда­аст. Олимон тахмин мекунанд, ки ватани кадимии одамизод шимоли шарки Африка, Осиёи Чанубию Маркази ва чануби шарки Европа будааст.

Вале ин масъала хануз пурра хал нашудааст. Аввалин ачдоди чинси Homo австралопитеков буданд. Дар кадом замон пайдо шудани авлоди гоминидхо хануз аник маълум нест. Хусусан дар байни олимон дар бораи аломатхое, ки аз руи онхо махлукоти муайянро гоминид хисоб кардан мумкин аст, фикру акидаи ягона нест. То солхои наздик махлуки одамшакл — Homo ha bills («Одами кордон»)-ро, ки олимони англис Л. Лики, Ф. Тобайяс ва Ч. Нейпир соли 1964 дар асоси бозёфтхои дараи Олдовай (Африкаи Шарки) мукар- рар карданд, намояндаи кадимтарини гоминид мешумориданд.

Ин махлукхо такрибан 2 миллион сол пеш аа ин зиндаги кардаанд. Вале дертар дар бораи гоминидхои аз ин хам кадим (алалхусус чинси Homo) маълумотхои нав ёфт шуданд. Соли 1976 М. Лики дар Танзания накши пои махлукхои одамшакли кадимаеро кашф намуд, ки 3,5 миллион сол мукаддам хаёт ба cap бурдаанд. Боки- мондаи гоминидхое, ки такрибан 3 миллион сол пеш аз ин зиндаги карда­анд, солхои 1973—74 дар Хадар ва Афар (Эфиопия) хам ёфт шуданд. Архантропхо (Homo erectus), ки 1,9—1,2 миллион сол пеш аз милод гузаштаанд, низ аз чумлаи ачдоди Одам дониста мешаванд.

Онхо андаке ба пеш хам шуда бо ду пой рох ме- гаштанд. Кадашон ба хисоби миёна 150 (занхо) —160 (мардхо) сантиметр буд. Архантропхо аз санг, чуб, устухон олотхо сохта, чарандаю хоянда ва паррандахоро шикор мекарданд; аз оташ истифода бурда метавонистанд. Хамин тавр 2—2,5 миллион  сол мукаддам дар натичаи инкишофи як шохаи австралопитекхо Ho­mo habilis ва дар натичаи инкишофи минбаъдаи онхо бошад, Homo erectus ба вучуд омадааст.

Аввалин Одамии хозира Homo sapi­ens («Одами окил») такрибан 40хазор сол мукаддам пайдо шудааст. На­мояндаи нахустини он Одамони кроманони (аз номи махаллаи Кроманон дар Франсия, ки он чо ске­лет, косаи cap ва бокимондахои дигар ёфт шудаанд) мебошанд. Кади Одамони кроманови то 180 сантиметр буд.

Онхо авлод-авлод зиндаги мекарданд, бо олотхои гуногун мусаллах буданд. Умуман дастовардхои илми имруза далели онанд, ки ачдодони бостонии Одам дар натичаи тадаввули мураккаб ва дуру дароз кад рост карда ба намуди одамони хозира табдил ёфтаанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …