Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пайдоиши одам

Пайдоиши одам

Пайдоиши одам. Дар рӯи Замин Одам дар натиҷаи таҳаввули дуру да- рози таърихӣ пайдо шудааст (ннигаред Антропогенез). Одам чун фарди биоло­гӣ бо олами ҳайвонот, пеш аз ҳама бо қатори приматҳо, ки ба ҳайати онҳо ба сифати оилаи хоси гоминид дохил мешавад, робитаи зич дорад. Агар тадаввули олами зиндаро ба дарахте ташбеҳ диҳем, Одам як шохи ин дарахтро мемонад.

Ин шохи таҳаввул аз танае, ки бо маймунҳои одамшакл муштарак буд, дар давраи миосен тақрибан 12—15 миллион сол муқаддам ҷудо шудааст. Дар ин марҳилаи тараққиёт аҷдоди қадимтарини Одам рамапитекҳо ё кениапитекҳо буданд, ки боқимондаи устухони ҷоғашон дар Осиё (Ҳиндустон, Покистон), Африкаи Шарқӣ (Кения) ва Европа (Маҷористон) ёфт шуда­аст. Олимон тахмин мекунанд, ки ватани қадимии одамизод шимоли шарқи Африка, Осиёи Ҷанубию Марказӣ ва ҷануби шарқи Европа будааст.

Вале ин масъала ҳанӯз пурра ҳал нашудааст. Аввалин аҷдоди ҷинси Homo австралопитеков буданд. Дар кадом замон пайдо шудани авлоди гоминидҳо ҳанӯз аниқ маълум нест. Хусусан дар байни олимон дар бораи аломатҳое, ки аз рӯи онҳо махлуқоти муайянро гоминид ҳисоб кардан мумкин аст, фикру ақидаи ягона нест. То солҳои наздик махлуқи одамшакл — Homo ha bills («Одами кордон»)-ро, ки олимони англис Л. Лики, Ф. Тобайяс ва Ҷ. Нейпир соли 1964 дар асоси бозёфтҳои дараи Олдовай (Африкаи Шарқӣ) муқар- рар карданд, намояндаи қадимтарини гоминид мешумориданд.

Ин махлуқҳо тақрибан 2 миллион сол пеш аа ин зиндагӣ кардаанд. Вале дертар дар бораи гоминидҳои аз ин ҳам қадим (алалхусус ҷинси Homo) маълумотҳои нав ёфт шуданд. Соли 1976 М. Лики дар Танзания нақши пои махлуқҳои одамшакли қадимаеро кашф намуд, ки 3,5 миллион сол муқаддам ҳаёт ба cap бурдаанд. Боқи- мондаи гоминидҳое, ки тақрибан 3 миллион сол пеш аз ин зиндагӣ карда­анд, солҳои 1973—74 дар Хадар ва Афар (Эфиопия) ҳам ёфт шуданд. Архантропҳо (Homo erectus), ки 1,9—1,2 миллион сол пеш аз милод гузаштаанд, низ аз ҷумлаи ачдоди Одам дониста мешаванд.

Онҳо андаке ба пеш хам шуда бо ду пой роҳ ме- гаштанд. Қадашон ба ҳисоби миёна 150 (занҳо) —160 (мардҳо) сантиметр буд. Архантропҳо аз санг, чӯб, устухон олотҳо сохта, чарандаю хоянда ва паррандаҳоро шикор мекарданд; аз оташ истифода бурда метавонистанд. Ҳамин тавр 2—2,5 миллион  сол муқаддам дар натиҷаи инкишофи як шохаи австралопитекҳо Ho­mo habilis ва дар натиҷаи инкишофи минбаъдаи онҳо бошад, Homo erectus ба вуҷуд омадааст.

Аввалин Одамии ҳозира Homo sapi­ens («Одами оқил») тақрибан 40ҳазор сол муқаддам пайдо шудааст. На­мояндаи нахустини он Одамони кроманонӣ (аз номи маҳаллаи Кроманон дар Франсия, ки он ҷо ске­лет, косаи cap ва боқимондаҳои дигар ёфт шудаанд) мебошанд. Қади Одамони кромановӣ то 180 сантиметр буд.

Онҳо авлод-авлод зиндагӣ мекарданд, бо олотҳои гуногун мусаллаҳ буданд. Умуман дастовардҳои илми имрӯза далели онанд, ки аҷдодони бостонии Одам дар натиҷаи тадаввули мураккаб ва дуру дароз қад рост карда ба намуди одамони ҳозира табдил ёфтаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …