СУЛИ (Аvena), як навъ Галладонаест аз оилаи хушаихо. Бештарду намуди Сули А. sativa, А. burantina)- ро мекоранд. Дар чахон соле кариб 30 млн га Сули кишт мекунанд. Соли 1979 дар СССР ба 12,2 млн га Сули коштанд.
Сули ашёи мухими саноати хурокворист. Сули галладонаи сергизост; 12—13% сафеда,40—45% охар, кариб 4,5% равган дорад. Сулиро дар истехсоли ярма, талкон, галет, кахва ва гайра фаровон истифода мебаранд. Сули хуроки хуби чорво низ мебошад. Сулиро дар Европа 1500—1700 сол то мелод кишт мекарданд. Дар худуди мамлакати мо Сулиро аз асри 7 ин чочиб мекоранд.
Дар Точикистон соли 1932 Стандарти давлатии селексиони оид ба кишти Сули корхои тачрибави гузаронд. Соли 1935 хочагихои галлакор ба кишти Сули сар карданд. Дар республика соле кариб 12 хазор га Сули мекоранд. Дар республикаи мо факат навъи Сулии «Марктон»-ро кишт мекунанд. Сулиро дар замини лалмии доманакух ва замини обии водихо тирамох ва дар нохияхои кухсор аввали бахор мекоранд. Меъёри тухмии Сули бахор га вобаста ба мухлати кишт: дар заминхои лалмии Хисору Кулоб — 80 кг (бахор) ва 100 кг (тирамох); нохияхои кухсори вилояти Кулоб — 100 кг (бахор); нохияихои вилояти Ленинобод -455 кг (бахор) ва 80 кг (тирамох). Сули зироати намталаб аст. Нурихои нитрогендор ва пору Сулиро серхосил мекунанд. Ба хар га киштзори Сули 20—30 кг нурихои витрогендор, 40—60 кг нурихои фосфордор, 25—30 кг нурихои калийдор, 10 —12 т пору ва микронурихои бор, магний ва мисдор меандозанд; дар вакти кишт суперфосфати гурушанок (ба хар га 10 кг Р2О5) мепошанд. Хочагихои пешкадами районхои республика аз хар га кишти Сули то 13—16 ц дона то 250 ц баргу пояи сабз мегиранд. Л. Холматов.