МОЛИКИЯТ (ар.— молик будан, сохиби, хучаини), шакли чамъиятии таърихан мунйяни аз худ кардани исъматхои модди, ин дар он муносибати байни одамон дар процесси истехсолоти чамъияти зохир мешавад. Моликият дар дохили истехсолоти модди ба вучуд омада, сохахои таксимот, мубодила ва истеъмолро дарбар мегирад. Муносибатхои моликиятдори ба воситахои истехсолот асоси муносибатхои истхссолии одамон мебошанд ва онхо дар навбати худ тамоми дигар муносибатхоро муайян мекунанд (ниг. Базис ва надстройка). Моликият вобаста ба дарачаи инкишофи иктисодии чамъият ва характери мувофикати кувваи коргарию воситахои истехсолот чамъияти ва хусуси мешавад. Муносибатхои чамъияти, ки ба шакли муайяни моликиятдори асос ёфтааст, бо хукуки моликиятдорни конкретии таърихи ба тартиб дароварда ва дар асоси конунхои дахлдори амалии молу мулкдори танзим карда мешавад. Дар давран чамоаи ибтидои воситахои истехсолот ва махсули мехнат Моликияти чамоа буд. Моликияти хусуси гардидани воситахои истехсолот ба истисмори одам, таксими синфии чамъят оварда расонд. Дар давраи гуломдори воситахои истехсолот ва гулом Моликияти гуломдор буд. Дар давраи феодализм Моликияти феодал ба воситахои истехсолот ва пеш аз хама ба замин асоси муносибатхои истехсолиро ташкил медод. Дар баробари Моликияти феодал Моликияти дехкои ва косиб низ вучуд дошт, ки онро олоти истехсолот ва хочагии хусуси ташкил мекард. Дар давраи капитализм Моликияти капиталисти ба воситахои истехсолот хукмфармо аст, вале коргари кироя Моликияти капиталист нест. Моликият дар давраи социализм умумихалки (давлати) ва колхозию кооперативи мебошад. Дар СССР баробари галабаи Револютсияи Октябрь ва барпо шудани диктатураи пролетариат Моликияти капиталисти будани воситахои истехсолот бархам хурд, воситахои истехсолот ба Моликияти социалисти табдил ёфт. Дар СССР баробари Моликияти чамъияти Моликияти шахсии гражданхо хам вучуд дорад. Конституцияи СССР ба гражданхо хукук додааст, ки Моликияти шахсии худ (даромад, пасандозхои мехнати, асбобу анчоми рузгор ва ашёи истеъмол)-ро дошта бошанд. Дар асоси омезиши ду шакли Моликияти социалисти (давлати ва колхозию кооперативи) дар рафти сохтмони коммунизм Моликияти ягонаи умумихалкии коммунисти ба вучуд меояд.
Ад.: Маркс К., Энгельс Ф., Манифест Партиям Коммупистй, Д . 1968; Колесов И. Д . Общественная собственность на средства производства — основное производственное отношение социализма, Л., 1007; Кумаченко Я. С., Превращение социалистической собственности в коммунистическую собственность, М., 1070.