Маълумоти охирин

СИЧ

sich

СИЧ, суч, севчук, сирош, уллукаҳ, ширеш, эремурус , як навъ гиёҳи маъмулест, ки аз бехаш «ширеш» тайёр мекунанд; бино ба таснифоти ботаникӣ, ҷимси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи занбақҳо. Баргаш дарози тасмашакл (дарозиаш 40—80 см), сермағз, гулаш сафед, гулобӣ, аард, сурх, хӯшагулаш («думи рӯбоҳ») сергул (дарозиаш то 120 ом) ва назаррабост. Дар дунё беш аз 50 намуди Сич мерӯяд. Дар СССР (Кавказ, Олтой, Қрим, Украина, Осиёи Миёна ва Қазоқистон) 41 ва аз он ҷумла дар Тоҷикистон 28 намуди Сич месабзад. Дар Боғи ботаникии Институти ботаникаи АФ РСС Тоҷикистон аз соли 1940 ин ҷониб 12 намуди Сичи худрӯро мепарваранд. Аз тухм ва решапоя зиёд мешавад. Тухмашро тирамоҳ мекоранд, Сич суст месабзад ва баъди 3—8 сол гул мекунад. Қаламчаи решапояашро нлз тирамоҳ мешинонанд, баҳори соли оянда гул мекунад. Барои рушди мӯътадили Сич хоки серпору ва офтобрӯя лозим аст. Барои ороиши хиббону гулгаштҳо тавсия шудааст. Бех ва барги навхези Сичро ба таом меандозанд; ба нон ва самбӯсаи алафӣ ҳамроҳ мекуяанд. Пештар аз бехаш «ширеш»-и мӯзадузӣ тайёр мекарданд.

 

Адабиёт: Флора Таджикской ССР, т. 2, М.—Л., 1963; Цветоводство Таджикистана. Душанбе, 1965.

М. М. Шарифова.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …