Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ботаника (страница 6)

Теги: Ботаника

ШАБДАРТУРШАК

shabdarturshak

ШАБДАРТУРШАК туршак, туршаки оҳухурак (Oxalis corniculata), гиёҳи як ё дусолаест аз оилаи туршакиҳо (Oxoli-daceae). Аз 5 то 25 см қад мекашад. Пояаш борик, ба мисли себарга аз бандҳояш реша меронад. Баргаш аз 3 баргча иборат аст. Думчаи баргаш дароз (3—10 см), баргчааш дилшакл (дарозиаш 7—13 мм, бараш 6—-16 мм), гулаш зангулашакл …

Муфассал »

ШАБДАР

shabdor

ШАБДАР, шабдор, шафтал, себаргаи форсӣ (Trifolium ге-supinatum), гиёҳи яксолаест аз ҷинси себарга (оилаи лӯбиёиҳо). Шабдари худрӯй 10—80 см ва кишта то 130 см қад мекашад. Гиёҳи сербаргу сергул аст. Баргаш (дарозиаш 8— 12 см) думчадароз, мураккаб — себарга (аз 3 баргча иборат); хушагулаш мудаввар (то 30-то гул дорад), шукуфааш гулобӣ …

Муфассал »

ШАББӮЙ

shabbuy

ШАББЎЙ, шаббӯ, гули шаббуй (Mattbiola incana), гулест, ки шаб бӯи хуш медиҳад; аз рӯи таснифоти ботаникӣ гиёҳест аз оилаи чилликгулҳо. Пояаш рост, сер-шох (то 80 см қад мекашад). Баргаш нештармонанд ё байзашакл. Гулаш гуногунранг (сурх, бунафш, сафед ва ғ.), одатан сербарг, хушбӯй. Шаббўй гули маъмулест, ки аз қадим мепарваранд. Фаррухӣ …

Муфассал »

ЧӮПОНЧОЙ

chuponchoy

ЧӮПОНЧОЙ, мухаллас (Dian-thus tetralepis), гиёҳӣ худрӯи бисьёрсолаест аз ҷинси мехак (оилаи мехакиҳо). Пояаш рост, сершохча, 15—20 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯя (дарозиаш 2—5 см, бараш 1—2 мм), гулаш гулобӣ, сафед ё арғувонӣ, дар нӯги поя ва шохча яктоӣ мешукуфад. Ғӯзааш кушодашавандаи сертухм, тухмаш майдаи сипаршакл, сиёҳ. Дар ҷойҳои санглох ва …

Муфассал »

ЧӮЛИНГОН

Gagea lutea

ЧЎЛИНГОН, чӯлинг, шибитак (Galagania fragrantissima), як навъ гиёҳи бисьёрсолаи худрӯи ғазоист (аз оилаи чатргулҳо). Бештар ба шибит монанд аст ва бӯи баланд дорад. Пояаш сершохубарг, 40—100 см қад мекашад. Пиёзакаш майдаи байзашакл. Гулаш майдаи зард (дарозии гулбаргаш 0,7—0,9 мм). Мевааш (дарозиаш 1,8—2,8 мм) қад ва ранги баланд. Моҳҳои июнь — …

Муфассал »

ЧУҚОЛА

chukola

ЧУҚОЛА, чоқала, чоқла, шохала, шоқала (Inula grandis), гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рост, аз 35 см то 2 м қад мекашад, баргаш калон (дарозиаш 21—61 см, бараш 11— 24 см), чарммонанд, дарозрӯя, байзашакл (дар бехи поя паиҳам ҷойгир аст), гулаш зард, хӯшагулаш «сабадак». Моҳҳои июнь — сент. гул мекунад. …

Муфассал »

ЧУҚОЛАИ САГАК

chukolai-sagak

ЧУҚОЛАИ САГАК (Rhapanticum), ҷинси гиёҳҳои бисьёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш камшох, баргаш чарммонанд, аввалҳои гулшукуфт сабзи зардтоб мешавад. Гулаш дуҷинса, арғувонии бунафш, баъзан зард: тухмаш чорқирра. 17 намудн он дар Нимкураи Шимолӣ (аз уқ. Ором тавассути Осиё то Европаи Ғарбӣ) мерӯяд. Дар СССР 12 (дар. Тоҷикистон 2) намуди Чуқолаи сагак …

Муфассал »

ЧОРМОҒАК

chormoghak

ЧОРМОҒАК, чормоғкаҳак, чормоғбутта, занбӯя, сояи сангбаққа (Dictamnus tadsbiko-rum), гиёҳи бисёрсолаи худрӯст (аз оилаи судобиҳо). Пояаш рост, сербарг (65—150 см қад мекашад). Баргаш пармонанд, мураккаб (аз баргчаҳои бисёр иборат); гулаш калони 5-барга (дарозии гулбаргаш 2—4,5 .см, бараш 0,6—2 см), гулоби ё гулобии сурхтоб; хушагулаш базеб (дарозиаш 8—30 см), тутшакл, сергул (ҳар …

Муфассал »

ЧОРМАҒЗ

chormaghz

ЧОРМАҒЗ, ҷавз, гавх, гирдакон, (Juglans regia), як навъ дарахти мевадорест (аз оялаи чормағзиҳо). То 30 м қад мекашад, сершох аст. Чормағзори табии СССР асосан дар кӯҳистони Осиёи Миёна (Тяёншон, Помиру Олой ва Кабуддоғ) ва қисман дар Кавказ ҷойгир аст. Чормағззори табиии республика асосан дар Тоҷикистони Марказӣ (қ-кӯҳҳои Ҳисор, Қаротоғ, Пётри …

Муфассал »

ЧОЙҶУВОРӢ

choyjuvori

ЧОЙҶУВОРӢ, ҷорубҷуворӣ (Sorghum technicum), гиёҳи як ё бисёрсолаест аз оилаи хўшаиҳо. Пояаш рост (2 м ва беш аз он), баргаш (дар як бех аз 6 то 50-то) назар ба барги ҷуворимакка бориктар аст: якто хӯшааш то 3500-то дона мебандад. Донааш мудаввар ва байзашакли сурх. Чойҷуворӣ растании ба хушкӣ ва гармӣ …

Муфассал »