Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧОРМАҒЗ

ЧОРМАҒЗ

ЧОРМАҒЗ, ҷавз, гавх, гирдакон, (Juglans regia), як навъ дарахти мевадорест (аз оялаи чормағзиҳо). То 30 м қад мекашад, сершох аст. Чормағзори табии СССР асосан дар кӯҳистони Осиёи Миёна (Тяёншон, Помиру Олой ва Кабуддоғ) ва қисман дар Кавказ ҷойгир аст. Чормағззори табиии республика асосан дар Тоҷикистони Марказӣ (қ-кӯҳҳои Ҳисор, Қаротоғ, Пётри I, Вахш, Дарвоз), қисман дар Помири Ғарбӣ  (Ванҷ, Язғулом, Шуғнон, Рўшон) воқеъ гардидааст.

chormaghz

Дар Тоҷикистони Шимолӣ (нишебиҳои ҷан. қ-кӯҳи Туркистон, водии д. Зарафшон) дарахтони ҷудогонаи худрўи Чормағз дучор меоянд. Ҷангалзори Чормағзи худрӯи республика (аз 1000 м то 2900 м аз с. б.) 13264 га-ро ташкил медиҳад. Парвариши Чормағз дар хоҷагиҳои ҷангали РСС Тоҷикистон аз с. 1947 инҷониб вусъат меёбад. Аввалин чормағззори васеъ (12 га)-ро дар ҷан. ғарбӣ қ-кӯҳи Дарвоз ба вуҷуд оварданд. С. 1950 чормағззор ба 176 га, I960 ба 6928 га ва 1970 ба 16 669 га расид. Ҳоло (1983) хоҷагиҳои ҷангали республика беш аз 30 ҳаз. га чормағззор доранд. Чормағззорҳои мазрӯъ асосан дар Тоҷиикистон Марказӣ, қисман дар Тоҷикистони Шимолию Ҷанубӣ ва Помири Ғарбӣ мавҷуданд. Чормағз баъди 6—10 (пайвандиаш баъди 2—3) сол ба ҳосил медарояд; 150—200 сол умр мебинад. Чормағзи пайвандӣ баъди 15 сол то 260 кг (дар Помири Ғарбӣ баъзан то 300 кг) ҳосил медиҳад. Дар республика бештар навъҳои Чормағзии маҳаллии «ТоҷикЛОС», «Авиценна», «Рӯдакӣ», «Варва», «Диновак», «Сорбо», «Ромитӣ-148», «Ромитӣ-39»-ро мепарваранд.

Мағзи Чормағз аз 51% то 82% равған, 8—21% сафеда, то 7% ангиштоб, витамини В, каротин (провитамини А) дорад; хуштаъм ва хеле серғизост. Дар қаннодӣ фаровон истеъмол мешавад. Хусусияти хуби парҳезӣ дорад. Табибони халқӣ бо кӯфтаи мағзи Чормағз ва мавиз захми меъдаро табобат мекунанд. Равғани Чормағз хушбуй ва хуштаъм аст. Онро аз қадим чун доруи киҷҷарон, инчунин барои муолиҷаи чашм, ҷигар гурда, роҳи пешоб ва тайёр кардани лок, собуни аълосифат, туш ва ғ. истифода мебаранд. Мевапардаи хоми Чормағз аз витамини С бой аст, аз вай шарбат ва мураббои сервитамин тайёр мекунанд. Дар барги Чормағз витаминҳои С, В, Р, каротин, моддаҳои даббоғиву рангуборӣ, равғани эфир, фитонидҳо ва ғ. ҳастанд; аз қадим барои муолиҷаи чашм, ширинча, рахит ва сил истифода мебаранд. Аз чӯби Чормағз асбобҳои мусиқӣ, мебел ва ғ. месозанд.

Ад.: Запрягаева В, И., Xолдоров У., Естественное распространение грецкого ореха в Таджикистане, «Субтропические культуры», 1077,№ 4; хамовмуалл., создание плантаций ореха грецкого а горных районах Таджикистана. «Лесное хозяйство», 1982, М 2.

У. Холдоров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …