Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАБДАРТУРШАК

ШАБДАРТУРШАК

shabdarturshak

ШАБДАРТУРШАК туршак, туршаки оҳухурак (Oxalis corniculata), гиёҳи як ё дусолаест аз оилаи туршакиҳо (Oxoli-daceae). Аз 5 то 25 см қад мекашад. Пояаш борик, ба мисли себарга аз бандҳояш реша меронад. Баргаш аз 3 баргча иборат аст. Думчаи баргаш дароз (3—10 см), баргчааш дилшакл (дарозиаш 7—13 мм, бараш 6—-16 мм), гулаш зангулашакл (дарозии гулбаргааш 5—10 мм, бараш 1,5—2 мм), зард ё гулобитоб. ғӯзааш 5-қирраи нугтез (дарозиаш 1—2,5 см, бараш 2—3 им), тухмаш дорчинӣ (дарозиаш 1,2—1,5 мм). Май—нюнь гул карда, тухмаш моҳи авг. мепазад.

Асосан дар ҷанғалзори гармсери қ-кӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (500—1500 м аз с. б.) мерӯяд. Бештар дар ҷойҳои серрутубат, лаби ҷӯй, канори чаммасор ва сояи дарахтон месабзад.

Шабдартуршақ гиёҳи доруӣ ва хӯрданист. Барги онро чун шилха мехӯранд. Поя ва баргу гулашро доруи пешоброн меҳисобанд. Дар фитотерапия (табобати наботӣ) бо барги Шабдартуршақ касалиҳои ҷигару гурда, заъфарма (ярақон) ва зангиларо муолиҷа мекунанд. Истеъмоли зиёди барги тару тозаи Шабдартуршақ боиси осеб ёфтани гурда шуданаш , мумкин аст. Гулаш сершаҳд мебошад.           М. Ҳоҷимвтов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …