ФЛОРИСТИКА, як фасли ботаникаро гӯянд, ки маҷмӯи намудҳои наботот (флора)-и кураи замин ё қисмҳои алоҳидаи онро меомӯзанд. Маълумоти Флористика барои хорология ва географияи наботот муҳим мебошад.
Муфассал »ФИТОСЕНОЛОГИЯ
ФИТОСЕНОЛОГИЯ (аз фито…, юнонӣ koinos — умумӣ ва …логия), як фасли ботаникаро гӯянд, ки ҷамоаи наботот (фитосесеноз)-ро меомӯзад. Фитосенелогия ба геоботаника наздик аст.
Муфассал »ФИТОГЕОГРАФИЯ
ФИТОГЕОГРАФИЯ, географияи растаниҳо, як фасли ботаника ва география табииро гӯянд, ки паҳншавии географии набототро меомӯзад. Мавзуи асосии тадқиқи фитогеография ареали намудҳои флора ва ғайра мебошад. Масъалаҳои фитогеография дар СССРдар Институти ботаникаи ба номи В. Л. Комарови Академияи Фанҳои СССР, Институти умумииттифоқии растанипарварии ба нами Н. И. Вавилов ва дар РСС …
Муфассал »ТИФУЛЕЗ
ТИФУЛЕЗ, як навъ касалии растаниро гӯянд, ки занбӯруғҳои ҷинси тифула — Тuphila ба вуҷуд меоранд. Бештар ба гандум, себарга, резак ва ғайра зарар мерасонад. Асосан дар ноҳияҳои серрутубат пайдо мешавад. Гандум ба Тифулез бештар тирамоҳ ва баъзан баҳор гирифтор мегардад. Манбаи касалӣ — растаниҳои худрӯи хӯшадор, баргу пояи гандуми касал, …
Муфассал »СУСАНИҲО
СУСАНИҲО, нигаред Савсаниҳо.
Муфассал »СУСАН
СУСАН, самсам, нигаред. Савсан.
Муфассал »СӮЗАНБАРГҲО
СӮЗАНБАРГҲО, растаниҳои сӯзанбарг, растаниҳоеро гӯянд, ки баргашон сӯзанвор борик ва тез аст; дар таснифоти илмӣ яке аз зерсинфи (Соniferae ё Рinifae) сершумортарин ва маъмултарин растаниҳои лучтухм ба ҳисоб мераванд. Сӯзанбаргҳо растаниҳои ҳамешасабз (ғайр аз ҷинсҳои Zarix, Меtasequoiaва Таходиум мебошанд. Сӯзанбаргҳо гурӯхи қадимаи растаниҳои тухмдор буда, дар давраи ангиштсанг пайдо шудаанд. …
Муфассал »РЕЖИМИ ОБИ РАСТАНӢ
РЕЖИМИ ОБИ РАСТАНӢ, низоми оби растанӣ, мубодил а и об, ҷаббишу истифодаи об, ки барои нашъунамои растанӣ (му-бодилаи моддаҳо, рушд, инкишоф, афзоиш) зарур аст. Режими оби растанӣ аз се просесси муттасили ба ҳам сахт алоқаманд таркиб меёбад: аз хок ба решаи растанӣ дохил шудани об; тавассути решаю тана ба баргҳо …
Муфассал »РАСТАНӢ ВА ҲАЙВОНОТИ МУҲОФИЗАТШАВАНДА
РАСТАНӢ ВА ҲАЙВОНОТИ МУҲОФИЗАТШАВАНДА, асосан намудҳо ва баъзан гурӯҳҳои таксономии нисбатан калони набототу ҳанвонотеро гӯянд, ки бо мақсади ҳифзи генофонд, барқарор кардани саршумори набототу ҳайвоноти нодир ё нестшудаистода махсус муҳофизат мекунанд ва аз рӯи низому меъёри муайян истифода мебаранд. Дap 150 соли охир дар натиҷаи саиди аз андоза берун, бешабурӣ, …
Муфассал »РАСТАНИПАРВАРӢ
РАСТАНИПАРВАРӢ, 1) як соҳаи муҳимми хоҷагии қишлоқро гӯянд, ки зимни парвариши растаниҳои кишта аҳолиро бо озуқаворӣ, чорводориро бо хӯрок, бисёр соҳаҳои саноат (саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ, дорусозӣ, атриёт ва ғайра)-ро бо ашёи хоми растанигӣ таъмин мекунад. Бо чорводорӣ алоқаи мустаҳкам дорад. Растанипарварӣ чунин соҳаҳоро дар бар мегирад: деҳқонӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ, токдорӣ, …
Муфассал »