Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ТАЪРИХИ ГУЗИДА»

«ТАЪРИХИ ГУЗИДА» асари таърихии ҷуғрофидон, муаррихи номии форс-тоҷик Муставфии Қазвинӣ, ки солҳои 1329—30 ба забонӣ форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи гузида» ба ҳукмрони ҳамонвақта Хоҷа Ғиёсуддин Маҳмуд — писари Рашиддудин Фазлуллоҳ бахшида шудааст. Китоб аз муқаддима, шаш боб, ки ҳар боб чанд фасл дорад ва хотима иборат аст. Бобҳои алоҳидаи асар …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ВОСИТ»

«ТАЪРИХИ ВОСИТ» асари таърихии Ҷаъфар ибни Муҳаммад, ки соли 1417 таълиф ва ба Шоҳрух (ҳукмронӣ 1404—47) бахшида шудааст. Асар аз муқаддима ва 7 боб иборат аст. Боби 1-ум ба масъалаҳои давраи тоисломӣ, боби 2-юм ба Муҳаммад ва хулафои аввал боби 3-юм ба таърихи Умавиён, боби 4-ум ба Аббосиён ва сулолаҳои …

Муфассал »

ТАЪРИХИ БЕМОРӢ

bemor

ТАЪРИХИ БЕМОРӢ, хуҷҷати асосии тиббист барои ҳар як бемор, ки аз тарафи муассисаи табобатӣ тартиб дода мешавад. Таърихи бемори аз қисмҳои паспортӣ (фамилия, ном ва номи падар, синну сол, аҳволи иҷтимоӣ, ихтисос ва ғайра), бемориҳои собиқа, натиҷаҳои тадқиқи беморӣ ва муолиҷаи он иборат аст. Тағйироти ҷараёни беморӣ ба таърихи бемори …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ВАССОФ»

«ТАЪРИХИ ВАССОФ» (номи пуррааш: «Таҷзият-ул-амсор ва таҷзият-ул-аъсор» — «Тақсими шаҳрҳо аз гузашти асрҳо»), асари Вассофи Шерозӣ» солҳои 1298—1302 ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст. Як қисми «Таърихи Воссоф» ба Ғазонхон (ҳукмронӣ 1295—1304) ва қисми дигари он ба бародари Разонхон — Улҷайту (ҳукмронӣ 1304—18) ва Абӯсаиди Баҳодур, ки аз шоҳони Эрон буданд, …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ БУХОРО» – «Таърихи Наршахӣ»

«ТАЪРИХИ БУХОРО» «Таърихи Наршахӣ», асари таърихи, таълифи Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар Наршахӣ ба забони арабӣ (943—944). Бо номҳои Таърихи Наршахии нав (ҷадид), Ахбори Бухоро, Таҳқиқи вилояти Бухоро низ машҳур аст. Тасвири батафсили ҳодисаҳои давраи Сомониён ва воқеаҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки асар бо супориши махсуси Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ (942—954) …

Муфассал »