Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕППА

teppa

ТЕППА, тал, пушта, баландии доирашакл ё нисбатан ҳамвори начандон калонест, ки нишебиҳояш қариб 30° моил буда, баландии нисбаш то ба 200 м мерасад.

Муфассал »

ТЕПЛОЭНЕРГЕТИКА

teploenergetika

ТЕПЛОЭНЕРГЕТИКА, як соҳаи теплотехникаро гӯянд, ки ҷараёни ба энергияи механикӣ ва энергияи электр табдил додани гармиро меамӯзад. Дар дастгоҳҳои гармии қувва энергияи механикӣ ҳосил мекунанд ва барои ба ҳаракат овардани мошинҳои корӣ ё генераторҳои электромеханикӣ (табдилдиҳандаҳои энергияи механикӣ ба энергияи электрӣ) «исифода мебаранд. Бо генераторҳои термоэлектрӣ, табдилдиҳандаҳои термоэмиссионӣ, инчунин генераторҳои …

Муфассал »

ТЕПЛОХОД

teploxod

ТЕПЛОХОД, як навъ киштиест, ки тавассути муҳаррики дарунсӯз ба ҳаракат оварда мешавад. Теплоходҳо бори аввал дар Россия барои кор дар дарёи Волга сохта шуданд: талкерҳои винтии «Вандал» (1903), «Сармат» (1904), ядаккиштии «Мысл» (1907) ва ғайра; барои кор дар баҳри Каспий танкери «Дело» (1908) бунёд гардид. Нахустин киштии (теплоходи) зериобии «Минота» …

Муфассал »

ТЕПЛОВОЗ

teplovoz

ТЕПЛОВОЗ, локомотивест, ки муҳаррики дарунсӯз дорад; қувваи муҳаррик тавассути таҳвили қувваи (механикӣ, гидромеосаникӣ ё электрӣ) ба чархҳо дода мешавад. Ғояи истифодаи муҳаррики ҳароратӣ дар локомотив охири асри 19 пайдо шуд. Муҳаррики намунавии дарунсӯзро инженери рус В.         И. Гриневецклй солҳои 1908—12 сохт. Инженери советӣ А. Н. Шелест соли 1922 тепловози конструкцияаш …

Муфассал »

ТЕПЛОТЕХНИКА

teplotexnika

ТЕПЛОТЕХНИКА, як соҳаи илму техникаро гуянд, ки ба масъалаҳои ҳосил ва истифода кардани гармӣ машғул аст. Гармӣ асосан дар процессҳои элергетикӣ ва технологӣ истифода мешавад. Дар процессҳои энергетикӣ гармиро тавассути муҳаррикҳои ҳароратӣ (нигаред Муҳаррики дарунсӯз, Турбинаи буғӣ Турбинаи газӣ) ба кори механикӣ табдил медиҳад. Кӯраҳои саноати металлургия, химия ва коркарди …

Муфассал »