Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Шаҳри ТЕҲРОН

tehron

ТЕҲРОН пойтахти Республикаи исломии Эрон, маркази асосии сиёсӣ, иқтисодӣ, савдою молия ва мадании мамлакат. Маркази маъмурии остони Марказӣ. Теҳрон дар доманаи ҷанубии куҳи Албурс, дар баландии 1100—1300 м воқеъ гаштааст. Иқлимаш субтропикӣ, континентӣ, ҳарорати миёнаи январ 2°С, июл 29,40С. Боришоти солона 240 мм. Аҳолиаш қариб 8 млн нафар (1984). Узели …

Муфассал »

ТИАМИНПИРОФОСФАТ

ТИАМИНПИРОФОСФАТ, тиаминдифосфат, кокарбоксилаза, коферментест, ки дар мубодилаи ферментативии кетокислотаҳо ва кетосахаридҳо иштирок мекунад. Тиаминпирофосфат дар аксари бофтаҳои ҳайвоноту наботот ва микроорганизмҳо мавҷуд аст. Дар саноат Тиаминпирофосфатро аз тиамин ва кислотаи пирофосфат ҳосил мекунанд. Тиаминпирофосфатро дар тиб барои табобати амрози дил истифода мебаранд.

Муфассал »

ТИАМИН

ТИАМИН, витамин В1, аневрин, як навъ пайвасти гетеросиклист. Мансуби витаминҳои дар об ҳалшаванда. Кристалли беранг, бӯи махсус дорад. Тиаминро соли 1912 бори аввал К. Функ (Полша) аз сабӯси шолӣ ҳосил кард; дертар Тиамини синтезиро низ ҳосил карданд. Дар табиат Тиаминро растаниҳо ва баъзе микроорганизмҳо синтез мекунанд. Норасоии Тиамин дар организм …

Муфассал »

Теғаи кӯҳ

kuh

ТЕҒА, теғаи кӯҳ, теғи кӯҳ, қисми баландтарини кӯҳ ва қаторкӯҳ, яъне ҷои ба ҳам пайваст шудани нишебиҳои мутақобилро гӯянд.

Муфассал »

ТЕҒ

tegh

ТЕҒ, асбоби бурандаест, ки меҳвари тарҳаш росткунҷа, квадрат ё доирашакл буда, қисми бурандааш шакли муайяни геометрӣ ва кунҷҳо дорад ва аз масолоҳи хеле сахт сохта мешавад. Теғ аз сарак (барандаи қисми бӯриш) ва тана (нигоҳдоранда) иборат аст. Теғҳо гуногун мешаванд: ҳарротӣ, рандакунанда, сӯрохкунанда (вобаста ба навъи дастгоҳи технологӣ); рострав, чалрав, …

Муфассал »