Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТИРКАШ

tirkash

ТИРКАШ  сӯрохи тирандозӣ дар девори қалъаҳои қадим. Касри туро бурҷи Камон тиркаш, Шишаи он нӯҳ фалаки шишакаш. Хусрави Деҳлавӣ. Андозаи Тиркаш мувофиқи яроқи тирандозӣ аст. Тиркаш девори шаҳр ё қалъа саркушода мешавад. Тиркаш девор ба шакли чоркунҷаи дарозруя аст. Дар давраҳои аввал асосан Тиркашҳои пайконшакл ва дертар танҳо Тиркашҳои раҳмонанд …

Муфассал »

ТИРИСТОР

ТИРИСТОР (аз юнонӣ thura — дар, даромад ва резистор), асбоби ним ноқилиест, ки дар асоси монокристалли сохташ чорқабатаи намуди р-п-р-п сохта шудааст; хусусияти вентили электрии идорашавандаро дорад. Тиристор барои шиддат ва ҷараёнҳои гуногун сохта мешавад.

Муфассал »

Шаҳри ТИРАНА

tirana-c

ТИРАНА (Тirana), пойтахти Республикаи Халқии Социалистил Албания. Дар водии байникӯҳӣ, 40 км дуртар аз соҳили баҳри Адриатик воқеъ аст. Ҳудудя Тирана воҳиди мустақили маъмурист. Аҳолиаш беш аз 210 ҳазор нафар (1984). Тирана ба воситаи роҳи оҳан бо бандари Дуррес алоқаманд мебошад. Аэропорташ (Ринас) дорои аҳамияти байналхалқист. Шаҳр корхонаҳои саноати бофандагӣ, …

Муфассал »

ТИРБОРОНИ ЛЕНА

ТИРБОРОНИ ЛЕНА, тавассути қӯшунҳои ҳукумати подшоҳи ҷазодиҳии корпартофтагонеро гӯянд, ки барои ҳабс шудани аъзоёни комитети корпартоӣ ба тариқи эътироз намоиш барпо карда буданд. Тирборони Лена 4 (17) апрели 1912 рух дод. Дар натиҷа 270 кас кушта ва 250 нафар ярадор шуд. Тирборони Лена такони бузурге барои инкишофи руҳияи революционӣ дар …

Муфассал »

Шаҳри ТИР

tir1

ТИР (ҳозира Сур дар Лубнон), шаҳр — давлати қадимии Финикия дар соҳили шарқии баҳри Миёназамин. Дар ҳазораи 4 то мелод бунёд ёфтааст. Дар ҳазораҳои 3—2 то мелод маркази муҳимми ҳунармандӣ ва тиҷорат ба шумор мерафт. Давраи нашъунамояш ҳамчун шаҳрдавлат дар ҳазораи 1 то мелод буд.

Муфассал »