Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТИРМОР

tirmor

ТИРМОР (psammophis Jineolatus), мори безаҳрест аз оилаи Colubridae. Танаш борики дароз (то 120 см), пулакчаҳояш ҳамвор, гавҳараки чашмаш гирда, рангаш хокистарии кабудтоб ё бӯртоб; дар сар ва тахтапушташ чор рахи хокистарранги тира, якто рахи равшан ва ду рахи сафед дорад. Тирмор дар биёбону нимбиёбонҳои явшонзор ва доманакӯҳҳои зардхоки Осиёи Пеш …

Муфассал »

ТИРМИС

lupinus_polyphyllus1

ТИРМИС, лупин (lupinus), як ҷинси гиёҳҳои яксола ва бисёрсолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Пояаш рост, то 1,5 м қад мекашад. Баргаш паршакл, гулаш зард, сафед, кабуд, ғилофакаш серпашмаки ҷигарранги асосан 3—5 тухма. Дар дунё 200 намуди Тирмиси худрӯй месабзад. Дар СССР 4 намуди Тирмис (L Angustifoliua, нигаред расм, L Albus, L …

Муфассал »

Шаҳри ТИРМИЗ

tirmiz

ТИРМИЗ, шаҳр, маркази вилояти Сурхондарёи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон. Дар соҳили рости дарёи Аму воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан, бандари дарёӣ. Аэропорт дорад. Пули рӯи дарёи Аму Тирмизро бо бандари Хайратон (Афғонистон) мепайвандад. Аҳолиаш 61 ҳазор нафар (1982). Шаҳр заводҳои пахтатозакунӣ, ширу гӯшт, институти педагогӣ, театр, музеи кишваршиносӣ дорад. Дар …

Муфассал »

ТИРМИЗАКТЕППА

ТИРМИЗАКТЕППА, ёдгории археологии мансуб ба асрҳои 7—8 дар канори ғарби пос. Шаҳристони раёни Ӯротеппаи вилояти Ленинобод. Солҳои 1957 ва 1960 омӯхта шуд. Бино аз хишти хом (50X25X10 см) ва похса сохта шудааст. Тирмизактеппа дар болои теппаи баланди соҳили Каттасой ҷой гирифтааст. Дар ибтидо ҳамчун пункти дидбонӣ ва истиқоматгоҳи аскарон бино …

Муфассал »

Ёдгории бостонии ТИРКАШТЕППА

ТИРКАШТЕППА, ёдгории бостонии асрҳои 3—6 мелоди дар птш Табошари шаҳри Чкалови вилояти Ленинобод, ҳудуди давлати қадими Илоқ. Тиркаштеппаро солҳои 1980—81 бостоншиносон Е. Д. Салтовская ва Ӯ. Пӯлодов тадқиқ намуданд. Тиркаштеппа дар теппаи баланд аз хишти хом ва похса бино ёфтааст. Аа Тиркаштеппа се қабати маскун кашф шуд. Аз бинои қабати …

Муфассал »