Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТОЛИБИ ОМУЛӢ Муҳаммад

ТОЛИБИ ОМУЛӢ Муҳаммад мутахалис ба «Ошӯб» ва «Булбули Омул» (1580, Омули Эрон —1627, Фотеҳпури Сикрӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Илмҳои ҳандаса, мантиқ, ҳайат, ҳикмат ва ҳунари хушнависиро дар зодгоҳаш омӯхт. Чанд сол дар Қошон, Исфаҳон, Машҳад ва Марв зиста, пас ба Ҳиндустон рафт. Маликушшуарои дарбори шоҳ Ҷаҳонгир буд. Куллиёташ бештар қасида, …

Муфассал »

ТОЛИБИ ЗАНҶОНӢ

ТОЛИБИ ЗАНҶОНӢ Абдуллоҳ ибни Ҳусайн ибни Боязид ибни Амир ибни Дайнор (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (охири асри 15—нимаи аввали асри 16). Дар Туркия мезистааст. Соҳибдевон. Маснавие бо номи «Баҳор-ул-маод фӣ иршод-ил-ибод» (ба пайравӣ ва вазни «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ) таълиф кардааст.

Муфассал »

ТОЛИБ Хоҷа Ибодуллоҳ

ТОЛИБ Хоҷа Ибодуллоҳ (соли таваллуд номаълум — вафот 1802, Истаравшан), шоири тоҷик. Аз оилаи Хоҷа Мӯсо (вафот 1733) ном шоирест. Шеъру шоириро дар маҳфили адабии падараш омӯхтааст. Толиб шоири соҳибдевон будааст, вале девонаш дастрас нагардидааст. Аз ӯ 70 ғазал, 5 мухаммас ва 7 рубоӣ боқист. Абёти зерин аз ӯст: Аз …

Муфассал »

ТОЛЕЪ

ТОЛЕЪ (арабӣ—тулӯъкунанда, бароянда), дар илми нуҷум бурҷе ё дараҷаест, ки ҳангоми таваллуди касе ё ҳангоми вуқӯи амре, ё вақти салоле чизе аз уфуқ намудор бошад ва гӯё аз рӯи он Мунаҷҷимон сарнавишти навзодро таҳқиқ ва таъин мекунанд ё ҳукме дар бораи натиҷаи коре истихроҷ менамоянд. Мувофиқи ақидаи мунаҷҷимони гузашта гӯё …

Муфассал »

ТОЛБУХИН Фёдор Иванович

tolbuxin-fi

ТОЛБУХИН Фёдор Иванович (16. 6- 1894—17. 10. 1949), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1944), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1965). Аъзои КПСС аз соли 1938. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) сардори штаби фронтҳои Закавказия, Кавказ ва Қрим, фармондеҳи армияҳои 57 ва 68-ум, фронтҳои Ҷануб, 4-ум ва 3-юми Украина буд. Солҳои 1945—47 …

Муфассал »