Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТОРТАНАКШАКЛҲО

tortanak

ТОРТАНАКШАКЛҲО (Аrachnoidea), як синфи ҷонваронb бемӯҳраро гуянд, ки ба бандпойoо мансубанд. Бештар аз 35 ҳазор намуд дошта, қатори каждумҳо, каллаи гӯсола тортанакҳо, Раlpigradi, Рseudoscoppiones, Орiliones ва Ricinueli-ро дар бар мегиранд; қамчинакпойҳо ва канаҳо низ аз ҷумлаи Тортанакканаанд. Тортанаккана ҷонварони ҷудоҷинса буда, асосан тухмгузор ва баъзеашон (аксари каждумҳо) зиндазоянд. Ҷои зисташон …

Муфассал »

ТОРТАНАККАНА

tortanakkana

ТОРТАНАККАНА (Теtranuchidae), ҷонвари хурди бандпоест, ки ба зироати хоҷагии қишлоқ, махсусан пахта зарари калон мерасонад. Тортанаккана баргу пояи растаниро бо тори худ печюнида, шираи ҳуҷайраҳоро мемакад; дар натиҷа дар рӯи баргҳо доғҳои сурх пайдо мешаванд, баъд баргҳо сибҳу хушк шуда, пеш аз вақт мереаанд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 30 намуди …

Муфассал »

ТОРРИЧЕЛЛИ Эванҷелиота

ТОРРИЧЕЛЛИ (Тоrriceli) Эванҷелиота (15. 10. 1606, Фаэнца —25. 10. 1647, Феоренция), математик ва физики италиявӣ. Шогирди Г. Галилей. Ихтироъкори барометри симобӣ, кашшофи вакуум (мухаллои Торричелли) ва мавҷудияти фишори атмосфера. Муаллифи формулаест (формулаи Торричелли), ки суръати аз зарф ҷорӣ шудани моеъи идеалиро муайян мекунад.

Муфассал »

ТОРР

ТОРР, воҳиди ғайрисистемавии фишорро гуянд, ки ба 1/760 ҳиссаи атмосфера, яъне ба 101325 : 760 = 133,322 (Н/м2 ё паскал) баробар мебошад. Ба шарафи Э. Торричелли номидаанд. Ишораташ торр, байналхалқиаш Тоrr.

Муфассал »

ТОРПЕДА

torpeda

ТОРПЕДА (аз лотинӣ torpedo — скати электрӣ), снаряди зериобии худҳаракат ва худидора, ки барои шикаст додани объектҳои руиобӣ, зериобӣ ва соҳилии душман пешниҳод шудааст; Торпеда барандаи заряди моддаи тарканда (одди ё заряди ядро) мебошад. Нахустин Торпедаро соли 1866 англисҳо Р. Уайтхед ва М. Луппис сохтанд.

Муфассал »