Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Деҳаи САРИҚОШ

САРИҚОШ. деҳаест дар райони Комсомолободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Маркази Совети қишлоқ Навдонак. Территоряи совхози «Ғарм». Аз Сариқош то маркази район 39 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 550 нафар (1981). тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб ва амбулатория дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва картошкакорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи САРИҚМУҒУЛ

САРИҚМУҒУЛ, деҳаест дар Совети қишлоқ Қарокӯли райони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Қизил чегарачӣ». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 185 километр, то район 280 километр. Аҳолиаш 1630 нафар (1981), тоҷикон ва қирғизҳо. Мактаби миёна, клуб, китобхона, кинотеатр, касалхола, ус- тохонаҳои либосдӯзӣ, дуредгарӣ ва оҳангарӣ дорад. Соҳаҳои асосии …

Муфассал »

Деҳаи САРИҚАМИШ (Ҳисор)

САРИҚАМИШ, деҳаест дар Совети қишлоқ ба номи Ҳасанови райони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территориияя колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз Сариқамиш то маркази Совети қишлоқ 16 километр, то район 35 километр. Аҳолиаш 115 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Соҳаи асосии хоҷагӣ ғаллакорист. Заминҳо аз пармачоҳҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи САРИҚАМИШ

САРИҚАМИШ, деҳаест дар Совети қишлоқ Навкорами райони Ёвон, вилояти Қӯрғоптеппа. Территорияи совхози «Конститутсияи СССР». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр , то район 1 километр ; роҳаш асфалтпӯш. Аҳоллаш 770 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз системаи обёрии Ёвону Обикиик обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи САРИЧИЯК

САРИЧИЯК, деҳаест дар Совети қишлоқ «Правда»-и райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Ӯротеппа». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 4,5 километр; роҳаш шағалпӯш. Аҳолиаш 160 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа чойхона-қироатхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ зироаткорист. Заминҳо аз обанбори Каттасой обёрӣ мешаванд.

Муфассал »