Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Шаҳри УРГАНҶ

urhanj

УРГАНҶ, (то соли 1929 Янги Урганҷ), шаҳр, маркази вилоят Хоразми РСС Узбакистон. Дар соҳили чапи дарёи Аму, дар хатти роҳи оҳан Чорҷӯй — Қунғирот воқест. Аз байни шаҳр канали Шават мегузарад. Аҳолиаш 113 ҳазор нафар (1984). Дар Урганҷ заводҳои пахтатозакунӣ, таъмири экскаватору моторҳо, масолеҳи бинокорӣ, комбинатҳои чӯбгарӣ ва хонасозӣ, фабрикаҳои …

Муфассал »

УРБАНИЗМ

shahr

УРБАНИЗМ (аз лотинӣ urbs — шаҳр), равияе дар шаҳрсозии асри 20. Намояндагони ин равия ғояи дар тамаддуни муосир мавқеи асосӣ доштани шаҳрҳоро пеш гирифта, бештар ба лоиҳаҳое диққат медоданд, ки дар онҳо шумораи аҳоли бештар ҷойгиранд. Дар ташаккули назарияи урбанизм фаъолияти меъмори франсавӣ Ле Корбюзе мавқеи калон дошт. Дар солҳои …

Муфассал »

УРБАЁН

УРБАЁН урбиён, полипи бинӣ, омоси лаҳм (бавосир, ангурак)-и биниро гӯянд. Урбаён одатан дар луобпардаи ковокия бинӣ ҷойгир шуда шаклаш ба донаи ангур ё занбӯруғ монанд аст. Аломати асосии касалӣ — тавассути бинӣ душвор нафас гирифтан аст. Муолиҷа — ҷарроҳӣ.

Муфассал »

УРАНИНИТ

uraninit

УРАНИНИТ, минерал, оксиди беоби уран. Формулаи идеалиаш UO2. Ҳамаи уранинитҳои табиӣ ғайр аз UO2 ин- чунин UO3 доранд. Системаи кристалибандиаш кубӣ. Ба шакли куб, октаэдр ва массаҳои зич дучор меояд. Мӯрт. Сахтиаш 5—6, зичиаш 8— 10 г/см3 (аз они настуран 6—9,2 г/ ам3). Рангаш сиёҳи ҷилодор. Ниҳоят радиоактивист. Навъҳои уранинит: …

Муфассал »

УРАРТУ

urartu

УРАРТУ (номи ошурӣ; урартуияш — Биайнилӣ, аз рӯи китобҳои муқаддаси динии Тавроту Инҷил — шоҳии Арарат»), давлате, ки дар Осиёи Пеш (асрҳои 9—6 то мелод) воқеъ гардида, дар давраи тавоногиаш тамоми кӯҳсори Арманистон (ҳоло территорияе, ки ба ҳудудҳои СССР, Туркия ва Эрон дохил аст) -ро дар бар мегирифт. Аҳолии Урарту— …

Муфассал »