Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

УШАКОВ Фёдор Фёдорович

УШАКОВ Фёдор Фёдорович (1744 —1817), адмирали рус, яке аз асосгузорони флоти баҳри Сиёҳ ва аз соли 1790 фармондеҳи он. Дар санъати ҳарбии баҳрӣ тарафдори ақидаҳои пешқадам буд. Дар Ҷанги баҳрии Керч (назди ҷазираи Тендра, 1790 ва дим. Калиакрия, 1791) тактикаи махсуси ҷангиро истифода бурда, бар флоти туркҳо як қатор ғалабаҳои …

Муфассал »

УФУҚ

ufuk

УФУҚ, хати каҷест, ки қисми ба назар намоёни сатҳи заминро иҳота мекунад. Уфуқи намоён баробари баланд шудани ҷои мушоҳида васеъ мешавад ва одатан аз уфуқи ҳақиқӣ (математики) поёнтар воқеъ мегардад. Уфуқи ҳақиқӣ доираи калонест, ки аз рӯи ҳамвории ба хати шоқулӣ (дар ҷои мушоҳида) перпендикуляр сфераи осмонро мебурад.

Муфассал »

УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ

intixobot

УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ, дар СССР як қисми округи интихоботиро гӯянд, ки дар он миқдори муайяни интихобкунандагон овоз медиҳанд.

Муфассал »

УФУНАТИ НОФ

ufunat

УФУНАТИ НОФ, бемории сироятии навзодонро гӯянд, ки дар натиҷаи аз захмчаи ноф ба хун гузаштани микроби касалиовар пайдо мешавад. Бо лоғарӣ, намакидани сина ва суст сиҳат ёфтани захми ноф зоҳир мешавад. Беморро фавран ба касалхона хобондан зарур.

Муфассал »

УФУНАТ

ufunat

УФУНАТ, сепсис (юнонӣ sepsis— пусиш), бемории вазнини сироятиест, ки дар натиҷаи вориди хуну бофтаҳо гардидани махсусан микроорзанизмҳои чиркдор (стафилококкҳо, стрептококкҳо) ба вуҷуд меояд. Дарди сар (дар ҳолати вазнин — парешонҳолӣ), баланд шудани ҳарорат (то 39—40°1С), варам, ноқиб (ягир), тромбоз ва ғайра зуҳуроти умумии уфунатанд. Ба уфунат ҳайвонот низ гирифтор мегарданд.

Муфассал »