Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УШАКОВ Фёдор Фёдорович

УШАКОВ Фёдор Фёдорович

УШАКОВ Фёдор Фёдорович (1744 —1817), адмирали рус, яке аз асосгузорони флоти баҳри Сиёҳ ва аз соли 1790 фармондеҳи он. Дар санъати ҳарбии баҳрӣ тарафдори ақидаҳои пешқадам буд. Дар Ҷанги баҳрии Керч (назди ҷазираи Тендра, 1790 ва дим. Калиакрия, 1791) тактикаи махсуси ҷангиро истифода бурда, бар флоти туркҳо як қатор ғалабаҳои калон ба даст овард. Юриши флоти русро дар баҳри Миёназамин дар давраи Ҷанги зидди Франсия (1798 —1800) бомуваффақият гузаронд. Соли 1944 дар СССР орден ва медали Ушаков таъсис шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …