Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАДАМ

ФАДАМ (арабӣ — гаронзабон), дар тибби қадим касеро меномиданд, ки дар талаффуз душворӣ кашад, яъне сақав бошад.

Муфассал »

ФАГОСИТОЗ

fagositoz

ФАГОСИТОЗ, ҳуҷайраҳои зинда ва зарраҳои ғайризиндаро фаъолона доштану фурӯ бурдани организмҳои якҳуҷайра 8 фагоситуост. Фагоситозро И. И. Мечников кашф карда, мавқеи онро дар реаксияи муҳофизатии организми ҷонварони дараҷаи олӣ ва одам муайян намуд.

Муфассал »

ФАГОТЕРАПИЯ дар тиб

ФАГОТЕРАПИЯ дар тиб, муолиҷаи баъзе касалиҳои бактериявӣ (домана, дизентерия, вабо ва ғайра) ба воситаи бактериофагҳои махсус. Фаготерапия дар ветеринария ҳангоми салмонеллёзи ҳайвонот, колибактериози гӯсола ва хукбачаҳо истифода мешавад.

Муфассал »

ФАГ

ФАГ (аз юнонӣ рhagos — фурӯбаранда, хӯранда), қисми калимаҳои мураккаберо гӯянд, ки хӯрдан, фурӯ бурданро ифода менамояд (масалан, бактериофаг).

Муфассал »

ФАВҚИИ ЯЗДӢ

ФАВҚИИ ЯЗДӢ Фавқуддин Аҳмад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Дар шаҳри Тафти наздикии Язд ба дунё омадааст. Дар ҳаҷв ҳунари баланд дошт. Куллиети шоир, ки ду нусхаи он дар Эрон маҳфуз аст, асарҳон зайлро дар бар мегирад: дебочаи насрӣ, «Нағамот», достони «Фарҳод ва Ширин», «Соқинома», қасоид …

Муфассал »