Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАРД, ХОС ВА КУЛЛ

ФАРД, ХОС ВА КУЛЛ, категорияҳои фалсафӣ буда, фард мустақилияти нисбии ашёю ҳодисаҳои алоҳида, кул умумияти хосият, муносибат ва робитаи ашёю ҳодисаҳо ва хос тарзи алоқаи фард ва кулро ифода мекунанд. Байни ин категорияҳои фалсафӣ алоқаи диалектикӣ мавҷуд аст. Зеро ашёву ҳодисаҳои алоҳида бо бисёр ашёву ҳодисаҳои дигар робитаи мутақобила дошта, …

Муфассал »

ФАРД

sher

ФАРД (арабӣ —якка, танҳо), як навъ шеъри якбайтаи мустақилмаъноро гӯянд. Дар эҷодиёти даҳонакии халқ ва адабиёти классикии форс-тоҷик аз қадимулайём маъмул буд. Дар адабиёти имрӯза низ ба назар мерасад. Дар фард як фикри томи иҷтимоӣ, ахлоқию тарбиявӣ, фалсафӣ, ишқӣ ва ғайра ба таври барҷаста, образнок ва бо хулосаҳои мантиқӣ ифода …

Муфассал »

ФАРД

fard

ФАРД, индивид, иддивидиум (лотинӣ individium — тақсимнашаванда), воҳиди хурдтарини тақсимнашавандаи намуди биологиро гӯянд, ки ба он омилҳои таҳаввулот таъсир мекунанд. Мафҳуми «фард» фақат барои организмҳои ғаириколониявӣ хос буда, барои организмҳои колониявӣ, симбиозӣ ва ба таври вегетативӣ афзоишкунанда нисбист.

Муфассал »

ФАРВАРДИН

ФАРВАРДИН             моҳи якуми солшумории шамсист, ки ба 21 март—20 апрел рост меояд; моҳи аввали баҳор.

Муфассал »

ФАРАС

burjho

ФАРАС (арабӣ — асп), бурҷи экваториалист; қадри ситоравии зоҳирии муниртарин ситораҳояш 2,4; 2,5; 2,8; 3,0 аст. Шароити мусоиди мушоҳида моҳҳои август— сентябр аз тамоми СССР намоён аст. Нигаред низ Осмон.

Муфассал »