Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАРИДУН

shohnoma

ФАРИДУН яке аз персонажҳои асотири қадими эронӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсист. Аз «маълумоти китобҳои «Ригведа» ва Авесто («Обон-яшт», «Дрвасп-яшт», «Зомиёд-яшт», «Ясно» ва ғайра) бармеояд, ки қиссаву ривоятҳо оид ба Фаридун дар ҳазораи 2 то мелод вуҷуд доштаанд. Устураи Фаридун, ному насаби ӯ нисбатан пурратар дар осори паҳлавӣ (китобҳои «Бундаҳиш», «Минуи хирад» …

Муфассал »

ФАРИДУНИ ТАВАЛЛАЛӢ

ФАРИДУНИ ТАВАЛЛАЛӢ (1917, Шероз—1985), шоири эронӣ. Шӯъбаи бостоншиносии донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳронро хатм кардааст (1941). Як муддат раиси Идораи бостоншиносии устон (вилоят)-и Форс буд. Солҳои охир дар китобхонаи Донишгоҳи Шероз кор мекард. Нахустин шеъру ҳикояҳои ҳаҷвии Фаридуни Таваллалӣ дар аввали солҳои 40 ба табъ расидааст. Шоир дар асарҳояш гурӯҳҳои иртиҷоӣ …

Муфассал »

ФАРИДУДДИНИ СИҶЗӢ

ФАРИДУДДИНИ СИҶЗӢ Алии Мунаҷҷим (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Аз осораш абёти пароканда (аз ғазалҳову қасидаҳо) ва якчанд рубоӣ тавассути тазкираҳо то замони мо расвдаанд. Аз намунаҳои ашъораш бармеояд, ки ӯ бо забони соддаву равон шеър мегуфтааст. Тарзи ифода, таъбироти ашъораш ба рубоиёти халқӣ монанданд. Рубоиҳои …

Муфассал »

ФАРИДУДДИНИ АҲВАЛИ ИСФАҲОНӢ

ФАРИДУДДИНИ АҲВАЛИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар охири асри 12— ибтидои асри 13 умр ба сар бурдааст. Зодгоҳаш Исфароини Хуросон. Дар ҷавонӣ ба Ҳиндустон ва аз он ҷо ба Исфаҳон рафт. Аз шоирони машҳури давр буд. Бо шуарои Ироқу Форс мушоират доштааст. Тақиуддини Авҳади («муаллифи «Арафот-ул-ошиқин») девони …

Муфассал »

ФАРИДИ КОТИБ

ФАРИДИ КОТИБ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Дар шеър шогирди Анварӣ будааст. Аз осораш қасоиди мадҳия, як тарҷеъбанд (23 байт дар «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ) ва якчанд шеъру қитъаҳои дигар дар тазкираҳо омадааст. Вай ба мавзӯъҳои панду ахлоқ, тарғиби адолатпарварӣ, ишқу ошиқи ва ғайра дахл кардааст. Ин абёт …

Муфассал »