Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАРИДИ КОТИБ

ФАРИДИ КОТИБ

ФАРИДИ КОТИБ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Дар шеър шогирди Анварӣ будааст. Аз осораш қасоиди мадҳия, як тарҷеъбанд (23 байт дар «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ) ва якчанд шеъру қитъаҳои дигар дар тазкираҳо омадааст. Вай ба мавзӯъҳои панду ахлоқ, тарғиби адолатпарварӣ, ишқу ошиқи ва ғайра дахл кардааст. Ин абёт аз ӯст:

Гуфтам бад-он нигор, ки: «Хуршеди анварӣ».

Гуфто: «Зи вай накӯтарам, ар нек бингарй».

Гуфтам: «Маҳи чаҳордаҳӣ ба сипеҳри ҳусн».

Гуфто: «Маҳи марост ҳазор аз ту           муштарӣ».

Гуфтам: «Ба бандагии ту иқрор мекунам».

Гуфто: «Чу ту басест кунунам ба чокарӣ».

Адабиёт:

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …