Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАРИДУДДИНИ АҲВАЛИ ИСФАҲОНӢ

ФАРИДУДДИНИ АҲВАЛИ ИСФАҲОНӢ

ФАРИДУДДИНИ АҲВАЛИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар охири асри 12— ибтидои асри 13 умр ба сар бурдааст. Зодгоҳаш Исфароини Хуросон. Дар ҷавонӣ ба Ҳиндустон ва аз он ҷо ба Исфаҳон рафт. Аз шоирони машҳури давр буд. Бо шуарои Ироқу Форс мушоират доштааст.

Тақиуддини Авҳади («муаллифи «Арафот-ул-ошиқин») девони уро иборат аз 10 ҳазор байт гуфтааст. Ҳоло як нусхаи девонаш (тақрибан 3500 байт) дастрас мебошад. Дар тазкираҳо низ абёти зиёде аз ин шоир сабт гардидааст. Ф. А. И. пайрави сабки ироқӣ буд. Ин абёт аз ӯст:

Пайвастани дӯстон басе осон аст,

Душбор гусастан асту охирам он аст.

Ширинии васлро нахоҳам ҳаргиз

Аа ғояти талхие, ки дар ҳиҷрон аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …