Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Деҳаи ФАРОБ

ФАРОБ, деҳаест дар раёни Панҷакенти вилояти Ленинобод, маркази совети қишлоқи Фароб. Ҳудуди колхози ба номи Ф. Энгелс. Аз деҳа то маркази район 86 км. Аҳолиаш 3660 нафар (1986), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-солаю миёна, клубу китобхонаҳо, шӯъбаи алоқа, пункти тиббӣ ва ғайра дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш ғаллакорӣ, тамокукорӣ, картошкакорӣ ва чорводорист.

Муфассал »

ФАРМОН

razvedka-harbi

ФАРМОН, 1) дастури роҳбари органи идоракунии давлатиро гӯянд; 2) дар қувваҳои мусаллаҳ дастури хаттӣ ё шифоҳии сардор ба тобеонаш аст, ки барои охириҳо қонун мебошад.

Муфассал »

ФАРМОНҚУЛОВ Абдуназар

ФАРМОНҚУЛОВ Абдуназар (таваллуд 1922, қишлоқи Нофароҷи раёни Ӯротеппа), дорандаи се ордени Шараф. Аъзои КПСС (1944). Аз оилаи деҳқон. Соли 1939 ба сафи Армияи Советӣ даъват шуд. Иштирокчии ҷанг бо финҳои сафед (1939—40) ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —45). Артиллеристи полки тирандози 278, Дивизияи тирандози 175. Фармонқулов барои муайян кардани ҷои …

Муфассал »

ФАРМАСИЯ

farmakognoziya

ФАРМАСИЯ (аз юнонӣ рharmaceia— дору, истифодаи дору), илми дорусозӣ, илми адвия, илмест оид ба ҷустуҷӯю дарёфт, тадқиқ, нигоҳ доштан ва тайёр кардани доруҳо.

Муфассал »

ФАРМАКОТЕРАПИЯ

dorushinosi

ФАРМАКОТЕРАПИЯ (аз юнонӣ рharmacon- такон — дору ва …терапия), бо дору табобат намудани касалиҳоро гӯянд. Фармакотерапия имкон медиҳад, ки мувофиқи ҳолати касал ва андешаи духтур ба фаъолияти аъзои бадали бемор таъсир расонда шавад. Фармакотерапия якчанд навъ мешавад. Агар ин ё он дору ба сабаби беморӣ таъсир кунад, ин гуна фармакотерапияро …

Муфассал »