Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАРМАКОТЕРАПИЯ

ФАРМАКОТЕРАПИЯ

ФАРМАКОТЕРАПИЯ (аз юнонӣ рharmacon- такон — дору ва …терапия), бо дору табобат намудани касалиҳоро гӯянд. Фармакотерапия имкон медиҳад, ки мувофиқи ҳолати касал ва андешаи духтур ба фаъолияти аъзои бадали бемор таъсир расонда шавад. Фармакотерапия якчанд навъ мешавад. Агар ин ё он дору ба сабаби беморӣ таъсир кунад, ин гуна фармакотерапияро этиотропӣ (аз юнонӣ еtios — сабаб ва trpos — таъсир) меноманд. Агар организми одам аз гормонфо, витаминҳо, намак, микроэлементҳо ва ғайра норасоӣ дошта бошаду бо онҳо рафъ карда шавад, чунин усулро фармакотерапияи таъвизӣ гӯянд (масалан, ястеъмоли витамини Б ҳангоми рахит). Агар даво ба механизми пайдоиш ва тараққиёти беморӣ таъсир кунад, онро фармакотерапияи патогенетикӣ (аз патогенез) медонанд (масалан, истеъмоли нитроглисерин ҳангоми зиққи дил, адраналин дар вақти хурӯҷи зиққи нафас). Ин ё он нишонаи касалӣ тавассути дору рафъ карда шавад, онро фармакотерапияи аломатӣ ё симптаматӣ меноманд (масалан, амидопирин, парасетамол, фенасетин ва ғайра барои муътадил шудани ҳарорати баланди бадан ҳангоми таб; кодеин, глаусин, солутан ва ғайра барои ором намудани сулфа ва ғайра).

dorushinosi

Азбаски организми кӯдак ё кӯҳансол аз организми одами болиғ ё миёнсол фарқ дорад (масалан, ҷаббидану ихроҷи моддаҳои дорун дар кӯдакон назар ба калонсолон тезтар мешавад, кӯҳансолон нисбат ба ҷавонон ба ин ё он дору камтар тоқат мекунанд ва ғайра) фармакотерапияро боз ба ду соҳа ҷудо мекунанд:
Фармакотерапия дар педиатрия ва фармакотерапия дар гериатрия.
Фармакотерапия на ҳамеша муфид аст. Ба организми бемор дору мумкин зарар ҳам расонад. Дар натиҷаи истеъмоли воя (доза)-и аз ҳад зиёди дору ба иртикоси аллергӣ ё заҳролудӣ гирифтор шудани мариз мумкин аст. Аз ҳамин сабаб барои хатарнок набудани фармакотерапия ташхиси дурусти беморӣ, дар назар доштани хусусиятҳои шахсии ҳар як бемор, ба меъёри фармакопия мувофиқ будани ғоя ва ашколи адвия, тартиби истеъмол ва ҳатто шароити нигоҳдошти дору аҳамият дорад. Масалан, барои пешгирии таъсири манфии фармакотерапия ба ҷанин 4 моҳи аввали ҳомиладорӣ умуман истеъмоли доруҳоро тавсия намекунанд.
Фармакотерапия яке аз шохаҳои асосии тибби қадими Шарқ буд. Оид ба фармакотерапия дар Авесто, «Калила ва Димна», асарҳои Буқрот, Ҷолинус, Розӣ ва дигар маълумот ёфтан мумкин аст. Ҳаким ва олими бузург Абӯалии Сино дар «Ал-Қонун» ахбори чандинасраро дар бораи дорушиносӣ ҷамъбаст намуда, он чизе, ки аз таҷрибаи мукаммали худи ӯ буд, илова намуд. Оид ба набз ва фармакотерапияи касалиҳои дил ӯ рисолаи алоҳида («Ал-адвият-ул-қалбия») навиштааст. «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷониро энсиклопедияи оид ба фармакотерапия номидан мумкин аст. Минбаъд фармакотерапия дар осори чунин атиббову ҳакимон акс ёфтааст: «Асбобу аломот ва муолиҷот»-и Насируддини Самарқандӣ «Тибби Юсуфӣ», « М аъдан-у ш-шифо », «Дастур-ул-илоҷ», «Шифо-ул-алил», «Манофеъ-ул-инсон», «Эҳё-ут-тиб», «Махзан-ул-адвия», «Муҳити аъзам», «Иҷолаи нофиа» ва ғайра.
Духтурони муосири советӣ дар боби фармакотерапия аз дастурамалҳои М. Д. Машковский, А. Ф. Тринус, Д. Арнаудов ва ғайра истифода мебаранд.
Адабиёт: Тринус А. Ф., Клиническая фармакотерапия, Киев, 1978; Арнаудов Д., Фармакотерапия, Москва 1979; Капранов В,, Хошим Р., Мудрост веков, Душанбе 1981; Машковский М. Д., Лекарственные средства, Москва, 1984.
Я, М. Қобилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …