Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАУНАИ ТАЙГА

xirs

ФАУНАИ ТАЙГА, ҷамеи ҳайвонотеро гӯянд, ки барои дар тайга зиндагӣ кардан мутобиқ гаштаанд. Фаунаи тайга аз фаунаи тундра бештар, валеаз фаунаи ҷангалзори паҳнбарг камтар мебошад. Фаунаи тайга аз намояндагони якчанд гурӯҳи ҳайвонот иборат аст, масалан, гург, рӯбоҳ, сагобӣ, росу, қоқум, хорпушти европоӣ, заргӯш, мушҳои гуногун, савсор, холгул, гавазни шимоли, шоҳгавазн, …

Муфассал »

ФАУНАИ ОБИ ШИРИН

f-obi-shirin

ФАУНАИ ОБИ ШИРИН, ҷамеи ҳайвонотеро гӯянд, ки дар дарёву кӯлҳо ва дигар обҳои ширин, инчунин дар обҳои зеризаминӣ зиндагӣ мекунанд. Ба фаунаи оби ширин соддатаринҳои гуногун, турбеллярияҳо, гастротрихҳо, колоғраткаҳо, лӯндакирмҳо, кирмҳои камқил, шуллукҳо, нармбаданҳои шикампой ва дутабақа, харчангшаклони гуногун, канаҳо, ҳашароти обӣ, моҳиҳо ва ғайра мансубанд.

Муфассал »

ФАУНАИ ЛИТОРАЛ

mijas

ФАУНАИ ЛИТОРАЛ, ҷамеи ҳайвонотеро гӯянд, ки дар литорал зиндагӣ мекунанд. Аксар ҳайвоноти литорал ҳангоми ҷазр зери санг, байни обсабзҳо ва зери шахҳо пинҳон мешаванд. Ба таркиби фаунаи литорал бисёр бемӯҳраҳо (исфанҷҳо, рӯдаковокҳо, кирмҳо, харчангшаклон, нармбаданҳо, сӯзанпӯстҳо ва ғайра) ва моҳиҳо дохил мешаванд.

Муфассал »

ФАУНАИ ДАШТ

fauna

ФАУНАИ ДАШТ, ҷамеи ҳайвонотеро гуянд, ки дар дашт зиндагӣ мекунанд. Фаунаи даштҳои Евросиё ҳам аз рӯи таркиби намудҳои ҳайвонот ва ҳам аз рӯи баъзе хусусиятҳои умумии экологӣ бо фаунаи биёбон умумиятҳои бисёр дорад. Бино ба ақидаи баъзе олимон пайдоиш ва инкишофи фаунаи дашт ва фаунаи биёбон ба ҳамдигар зич вобастаанд. …

Муфассал »

ФАУНАИ БИЁБОН

biyobon-shutur

ФАУНАИ БИЁБОН, ҷамеи ҳайвонотеро гӯянд, ки барои дар биёбон зиндагӣ кардан мутобиқ гаштаанд. Фаунаи биёбон гуногун бошад ҳам нисбат ба фаунаи минтақаҳои намнок, масалан, фаунаи ҷангал, ҳайвоноташ кам аст. Дар биёбонҳое, ки дарахту бутта доранд, ҳайвонот бештар зиндагӣ мекунанд. Олами ҳайвоноти биёбонҳои бедолу дарахт ва регашон ҳаракаткунанда, инчунин санглох хеле …

Муфассал »