Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Деҳаи ФАХРОБОД

ФАХРОБОД, деҳаест дар совети қишлоқи Даҳанакиики раёни Илич, вилояти Қӯрғонтеппа. Дар ҳудуди совхози «Фахробод». Аз деҳа то маркази совети қишлоқи 1 км, то район 54 км. Аҳолиаш 1000 нафар (1986). Соҳаҳои хоҷагӣ токдорӣ ва ғаллакорист.

Муфассал »

Деҳаи ФАХРОБОД

ФАХРОБОД, деҳаест дар раёни Иличи вилояти Қӯрғонтеппа, маркази совети қишлоқи Даҳанакиик. Дар ҳудуди совхози ба номи Ҷ. Расулов. Аз деҳа то маркази район 18 км. Аҳолиаш 4000 нафар (1986). Деҳа мактаби миёна, 3 китобхона, клуб, боғчаи бачагон, беморхона, пункти тиббӣ ва 3 магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагиаш боғу тоқдорӣ ва …

Муфассал »

Ағбаи ФАХРОБОД

ФАХРОБОД, ағбаест дар қисми шимолии қаторкӯҳи Қаротоғ. Баландиаш аз сатҳи баҳр 1242 м. Аз ағба роҳи автомобилгарди Душанбе — Қӯрғонтеппа мегузарад, ки он аҳамияти республикавӣ дорад. Роҳи нақлиёти автомобилӣ ва автобусҳои пассажирӣ тамоми сол кушода аст. Ю. С. Усков.

Муфассал »

ФАХРИЯ

book-1

ФАХРИЯ (аз арабӣ — нозиш, болидан аз чизе), як ҷузъи қасидаи мадҳиро гӯянд. Шоир маъмулан баъди мадҳ дар ситоиши шеър ва мақоми шоириаш чанд байт меорад. Фахрия ҳаққонӣ ва анъанавӣ мешавад. Дар Фахрияи ҳаққонӣ шоир, ба таври муболиға бошад ҳам, ба эҷодиёташ баҳо дода, аз баландии шеъри худ меболад. Дар …

Муфассал »

ФАХРИИ ҲИРАВӢ

ФАХРИИ ҲИРАВӢ Мавлоно Султонмуҳаммад ибни Амирмуҳаммади мутахаллис ба Амирӣ (соли таваллуд номаълум, Ҳирот — вафот тақрибан 1562—63, Хиндустон), шоир ва адабиётшиноси форс-тоҷик. Бештар дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод мекард. Аз Фахрии Ҳиравӣ асарҳои зерин боқӣ мондаанд: 1) «Латоифнома» (1521—22) —тарҷумаи фороии «Маҷолис-ун-на- фоис»-и Навоӣ буда, як боби илова дорад, ки …

Муфассал »