Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАҚР

ФАҚР (арабӣ — фақирӣ, бенавоӣ, нодорӣ), дар тасаввуф яке аз зинаҳои такомули рӯҳиро гӯянд, ки дар он солик аз ҳамаи ашёи моддӣ ва маънавӣ даст кашида, роҳи маърифати ҳақро пеша кунад. Аз се марҳила иборат аст: дар марҳилаи аввал сӯфӣ ба он чи дорад, қаноат мекунад; дар марҳилаи баъдӣ ӯ …

Муфассал »

ФАҚИРИИ БУХОРОӢ

ФАҚИРИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1572), шоири тоҷик. Дар тазкираҳо ӯро шахси фурӯтану дарвешмашраб хондаанд. Ба касби кишоварзӣ рӯз мегузаронд. Ғазалсаро буд. Бо Мушфиқӣ мушоира кардааст. Абёти парокандааш боқист.

Муфассал »

ФАҒФУР

book-1

ФАҒФУР муарраби бағпур, унвонест, ки дар қиссаву ривоятҳо, достонҳои ҳамосӣ ва ғайра мардуми эронинажод подшоҳони қадими Чинро ёд кардаанд. Чунон ки маълум аст, шоҳони Чин худро «писари худо» меномиданд. Эрониён ҳамчу номро ба забони худ гардонидаанд. Ҷузъи якуми он аз калимаи «бага» — «худо» ва ҷузъи дуюмаш аз «путра» — …

Муфассал »

ФАҚИРИ ДЕҲЛАВӢ

ФАҚИРИ ДЕҲЛАВӢ Фақири Мафтун, Мир Шамсуддин (соли таваллуд номаълум — вафот 1769), шоири форсизабони Ҳиндустон. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо қасоид, ғазалиёт, рубонҳо ва ғайра доштааст. Ба қалами ӯ инчунин маснавии «Вола ва Султон» (таълифаш 1747) мутааллиқ аст, ки аз ишқи шоири форсизабони Ҳиндустон Волеуи Доғистонӣ ба духтари амакаш Хадичасултон ҳикоят мекунад. …

Муфассал »

ФАҒФУР Сайид Муҳаммадҳусайни Лоҳиҷӣ

ФАҒФУР Сайид Муҳаммадҳусайни Лоҳиҷӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1619, Оллоҳободи Ҳиндустон), шоир ва донишманди эронӣ. Зодгоҳаш — Лоҳиҷони Гелон. Дар оғоз бо тахаллуси Расмӣ шеър мегуфт. Ба шаҳрҳои Эрон, Ироқ ва Гурҷистон сафар кардааст. Сипас, ба Ҳинд руй овард. Мувофиқи маълумоти тазкираи «Майхона» девони ашъори иборат аз 5 ҳазор …

Муфассал »