Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФЕБА

feba

ФЕБА, яке аз радифони сайёраи Зуҳалро гӯянд. Диаметри Феба ба 300 км, масофааш аз маркази сайёра то Офтоб ба ҳисоби миёна ба 12950 ҳазор км баробар аст. Соли 1898 астрономи аморикой У. Пикорипг кашф намудааст. Феба дар атрофи Зуҳал давр мезанад, самти ҳаракаташ ба самти чархзанӣ дар гирди меҳвараш муқобил …

Муфассал »

Ҳарфи ФЕ

fff

ФЕ, фои муваҳҳада, фои саъфас, ҳарфи бисту якуми алифбои арабӣ ва бисту сеюми алифбои арабиасоси тоҷикист, ки овози ҳамсадои лабудандонии беҷаранги роғро ифода мекунад. Ҳарфи ф аз ҳарфи «пе» —и алифбои финиқи пайдо шудааст. Маънои калимаи «пе» «даҳон» мебошад. Дар забони адабӣ ва гуфтугӯии тоҷик ба ҷои якдигар омадани овозҳои …

Муфассал »

ФАҲМИИ САМАРҚАНДӢ

ФАҲМИИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Писари Нодирии Самарқандӣ. Дар зодгоҳаш нашъунамо ёфт. Дар синни камолот ба Ҳиндустон сафар карда, пас аз муддате ба ватанаш баргашт. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо дар сурудани ғазал ва муаммо устод будааст. Аз ашъораш намунаҳои каме боқист.

Муфассал »

ФАҲМИИ БУХОРОӢ Ҳаким Маҷдуддин

ФАҲМИИ БУХОРОӢ Ҳаким Маҷдуддин (соли тавот ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Таҳсили илм накарда буд, саводи хат надошт, «аммо кас ангушт бар ҳарфи ӯ натавонист ниҳод… фамо роияти шеър аз авҷи шеърӣ даргузашт, ҷумла маонии ӯ бикр буд» (Авфӣ, «Лубоб-ул-албоб»). Бо шуарои давраш, аз ҷумла Сайдуддини Кофӣ, мушоират …

Муфассал »