Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФИЛАРМОНИЯИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

filarmoniyai-davlaty

ФИЛАРМОНИЯИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ба номи А. Рӯдакӣ, коллективи эҷодиест, ки соли 1938 таъсис ёфта, гурӯҳи сарояндагон, навозандагон ва раққосони боистеъдодро муттаҳид намуда, дар ташвиқу тарғиби мусиқии касбии тоҷик саҳми калон гузоштааст. Ба ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон бисёр ҳунарпешагон аз дастаи Театри мусиқии тоҷик, коллективҳои касбию ҳаваскор, инчунин ҳофизони машҳури …

Муфассал »

ФИЛАРМОНИЯ

filarmoniyai-davlaty

ФИЛАРМОНИЯ (аз юнонӣ рhelleo — дӯст медорам ва harmonia — таносуб), дар Иттифоқи Советӣ созмони давлатии консертӣ, ки мақсади асосии он таблиғи асарҳои бадеии мусиқист.

Муфассал »

ФИЛАДЕЛФИЯ

night_philadelphia

ФИЛАДЕЛФИЯ (Рhiladelphia),шаҳр ва бандари калони баҳрӣ дар шарқи ШМА. Аҳолиаш 1,7 млн нафар (1980). Филаделфия яке аа калонтарин марказҳои тиҷорат, нақлиёт, молия ва маданияти ШМА мебошад. Мошинсозӣ, киштисозӣ, саноати таҳвили металл, химия, таҳвили нефт ва ғайра тараққӣ кардааст. Шаҳр соли 1682 бунёд ёфтааст. Филаделфия яке аз марказҳои асосии Ҷанг барои …

Муфассал »

ФИЛ

fil

ФИЛ (Elephantidae), пил, ҳайвонест азимҷусоа ва хартумдор (аз оилаи ширхӯрҳо); баландиаш то 3,5 м буда, гарданаш кутоҳ, пойҳояш ғафси сутуншакл (ангуштонаш дар пои пеш 5-то, дар пои қафо 5 ё 4-то). Лаби боло ва биниаш инкишоф ёфта, ба хартуми дароз табдил ёфтаанд. Дар ҷоғи болояш як ҷуфт оҷ ҳаст. Дандонҳои …

Муфассал »

ФИКСИЗМ

ФИКСИЗМ (аз лотинӣ fixus — сахт, тағйирнопазир), фарзияи геологист оид ба тағйирнопазирии мавқеи хушкиҳои руи Замин ва роли ҳалкунандаи ҳаракатҳои амудии тектоникӣ дар инкишофи қишри Замин. Факсизм акси мобилизм аст.

Муфассал »