Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФОХИРИ РОЗӢ Абӯмафохири Мунҷиқ

ФОХИРИ РОЗӢ Абӯмафохири Мунҷиқ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Дар Рай зиндагӣ ва эҷод кардааст. Шеърҳои Фохири Розӣ кам мондаанд. Аз ашъори у 13 байт дар «Маҷмаъ-ул- фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят ва 3 қитъа дар «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ зикр шудааст. Намунаи ашъори ӯ: Боли мурассаъ …

Муфассал »

ФОФАНОВА Марианна Петровна

ФОФАНОВА Марианна Петровна (таваллуд 21. 10. 1921, заводи Пудеми РАСС Удм), шоира ва тарҷумони советии рус. Аз оилаи коргар. Соли 1943 ба Тоҷикистон омад. Соли 1949 институти адабии ба номи Горкийро хатм кард ва мухбири «Литературная газета» таъин гардид. Фофанова мушовири Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, мудири шӯъбаи назми журнали «Памир» буд. …

Муфассал »

ФОТОЭФФЕКТ

fff

ФОТОЭФФЕКТ, эффектиэлектрӣ, таҳти таъсири шуоъафкании электромагнитӣ (фотонҳо) электрон хориҷ кардани ҷисмро гӯянд. Фотоэфект ду навъ аст; 1) Фотоэфекти берунӣ, тавассути қонуни Эйнштейн чунин ифода мешавад; hv=+ , ин ҷо hv= энергияи фотон да мешавад; hv= энергияи фотон, А — кори баромад ва— энергияи кинетикии максималии электрон, h = собитаи Планк. …

Муфассал »

ФОТОЭЛЕМЕНТ

984

ФОТОЭЛЕМЕНТ, асбоби фотоэлектриест, ки дар натиҷаи ба сатҳи он ё фотокатоди нимноқилиаш задани рӯшноӣ фотоҚЭҲ ё фотоҷараён ҳосил мекунад. Электровакуумӣ ва нимноқилӣ мешавад. Фотоэлементро бештар дар асбоби назорати андозагирӣ истифода мебаранд.

Муфассал »

ФОТОТЕРАПИЯ

1508587656_chto-takoe-fototerapiya-lica

ФОТОТЕРАПИЯ, (аз фото… ва юнонӣ therapeiya- муолиҷа), муолиҷа бо рӯшноӣ, бо мақсади табобат истифода бурдани шуоъафканиҳои оптикӣ . (инфрасурх, ултрабунафш ва ғайра) -ро гӯянд.

Муфассал »